Ҳандасаи уқлидусӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Ҳандасаи уқлидусӣҳандасаи бунёдӣ) — назарияи ҳандасӣ, ки дар асоси низоми аксиомаҳои Уқлидус ташаккул ёфтааст.

Уқлидус (асри III то м.) дар асари машҳури худ «Усул» асосҳои риёзиёти антиқа, аз ҷумла геометрияи ибтидоиро ҷамъбаст намудааст. Дар «Усул»-и Уқлидус 13 китоб ба геометрия (ҷилдҳои 1–4 ва 6 ба планиметрия, 11–13 ба стереометрия) ва ба арифметика (5 ва 7–10) бахшида шудаанд. Тамоми китобҳои «Усул» як чизи томро ташкил дода, ҷузъҳои онҳо байни ҳам вобастагии мантиқӣ доранд. Дар тӯли зиёда аз ду аср «Усул»-и Уқлидус ҳамчун китоби саҳеҳи риёзӣ истифода мегардид. То охири садаи XVIII асари мазкур ва нусхаҳои мухтасару такмилёфтаи он китоби дарсӣ буданд. Низомҳои муосири аксиомаҳои Ҳандасаи уқлидусӣ аз 5 гурӯҳ иборат буда, ба 6 мафҳуми асосӣ (муайяннашаванда) такя мекунанд. Инҳо се ҷинсанд: нуқтаҳо, хатҳои рост ва ҳамвориҳо ва се навъи таносуби байни онҳо, ки бо калимаҳои «мансуб аст», «байни», «ҳаракат» ифода меёбанд. Ҳоло дар мактабҳои миёна Ҳандасаи уқлидусӣ чун фанни алоҳида таълим дода мешавад. Математики рус Н. И. Лобачевский (асри XIX) геометрияеро кашф кард, ки аз Ҳандасаи уқлидусӣ ба куллӣ фарқ мекунад. Нигар низ «Усул»-и Уқлидус, Геометрия, Геометрияи Лобачевский.

Додекаедр (дувоздаҳкунҷа)

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]