Jump to content

Ҳанс Кристиан Андерсен

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҳанс Кристиан Андерсен
дан. Hans Christian Andersen
Ном ба ҳангоми таваллуд: дан. Hans Christian Andersen
Таърихи таваллуд: 2 апрел 1805(1805-04-02)[1][2][3][…]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 4 август 1875(1875-08-04)[2][3][4][…] (70 сол)
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир
Солҳои эҷод: 18271875[10]
Жанр: афсона
Забони осор: забони даниягӣ[11][2][12][…]
Ҷоизаҳо:
Имзо: имзо
Логотипи Викитека Осор дар Викитека
 Парвандаҳо дар Викианбор
Логотипи Викигуфтовард Гуфтовардҳо дар Викигуфтовард

Ҳанс Кри́стиан А́ндерсен (дан. Hans Christian Andersen [ˈhanˀs ˈkʁæsdjan ˈɑnɐsn̩]; 1 (2) апрел 1805, Оденсе, иттиҳоди Дания-Норвегия — 1 (4) августи 1875, Копенҳаген, Дания) — нависанда ва шоири даниягӣ, афсонанависи машҳури ҷаҳон барои кӯдакон ва калонсолон: «Мурғобичаи баднамо», «Куртаи нави подшоҳ», «Дюймовочка», «Аскарчаи устувори қалъагӣ», «Оле Лукойе», «Маликаи барфин» ва бисёри дигар.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]
Хонаи кӯдакиҳои Ҳонс дар шаҳр Оденсе

Ҳонс Кристиён Ондерсон рӯзи сешанбе 2 апрел соли 1805 дар шаҳри Оденсеи Дания ба дунё омадааст. Падараш муътақид буд, ки аз хонаводаи асил ҳастанд, ва бинобар таҳқиқоти анҷомшуда дар маркази Ҳонс Кристиён Ондерсон падарбузургаш бар ин бовар буд, ки хонаводаашон ҷузви табақоти болоии иҷтимоъ будаанд. Аммо таҳқиқоти бештар сиҳати ин иддаоҳоро рад кардааст. Гарчи хонаводаи Ондерсон бо хонаводаи салтанатӣ беиртибот набудаанд, вале ин иртибот танҳо дар заминаи коре будааст. Шоеъаҳои мабни бар ин, ки Ондерсон писари номашруъи подшоҳ буда ҳамчунон дар Дания бар сари забонҳост. Зеро подшоҳи Дания алоқаи зиёде ба Ондерсон дошт ва хароҷоти таҳсили ӯро шахсан ба уҳда гирифта буд. Ондерсон дар даврони ҷавонӣ аз ҳуш ва қувваи тахайюли бисёр болое бархурдор буд ва алоқа вофире ба адабиёт ва театр дошт. Дар даврони кӯдакӣ барои худ саҳнаи театр дуруст мекард ва осори Вилям Шекспирро бо истифода аз арӯсакҳои чӯбӣ ба унвони бозигарон аз ҳифз бозӣ мекард[13].

Андерсен очерку новелла, пйесаву романҳо низ навиштааст: «Мурда» (1830), «Ибодатгоҳи ғарқшуда» (1831), «Импровизатор» (1835), маҷмӯа новеллаҳои «Китоби суратҳои бесурат» (1840), пйесаи «Мулат» (1840), китоби очеркҳои сафарии «Бозори шоир» (1842), китоби тарҷумаҳолии «Афсонаи ҳаёти ман» (1846), романҳои «Отто Тострупаа» (1836), «Фақат ғижакнавоз» (1837).

Афсонанависӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Андерсен ҳамчун афсонанависи машҳур дар ҷаҳон шинохта шудааст. Афсонаҳои «Аскарчаи устувори қалъагӣ» (1838), «Булбул» (1843), «Мурғобичаи баднамо» (1843), «Маликаи барфин» (1844), «Духтарчаи гӯгирдбадаст» (1845), «Соя» (1847), «Модар» (1848), «Куртаи нави подшоҳ» ва ғайра ба қалами Андерсен тааллуқ доранд. Андерсен дар эҷодиёти худ бераҳмии хокимон, нобаробарии иҷтимоӣ, нажодпарастӣ, хушомадгӯӣ, кибрро мазаммат кардааст.

Тарҷумаи осор

[вироиш | вироиши манбаъ]

Асарҳои Андерсен ба бисёр забонҳои халқҳои ҷаҳон тарҷума шудаанд. Хонандагони тоҷик аз соли 1938 ба василаи тарҷумаи афсонаи «Дюймовочка» бо эҷодиёти ин адиб шинос гардидаанд. Минбаъд афсонаҳои дигари Андерсен аз қабили «Мурғобичаи баднамо», «Чақмоқ», «Куртаи нави подшоҳ», «Аскарчаи устувори қалъагӣ», «Қувони ёбоӣ», «Булбул», «Ганси ландаҳур», «Духтарчаи гӯгирдбадаст» ва ғайра ба забони тоҷикӣ гардонда шуда, дар алоҳидагиву якҷоя ба табъ расидаанд. Андерсен дар солҳои 30 садаи XIX ба кишварҳои гуногуни Европа сафар карда, бо шахсиятҳои маъруфи он ҷо — адиби олмонӣ Ҳейнрих Ҳейне, англисӣ Чарлз Диккенс ва франсавӣ Виктор Ҳюго мулоқот ва мукотиба кардааст.

Бо номи Андерсен мукофоти байналхалқӣ таъсис ёфтааст. Аз адибони тоҷик Убайд Раҷаб ин мукофотро гирифта буд (1983).

  • Брауде Л., По волшебным тропам Андерсена., С-Пб, 2008.