Jump to content

Ҳасани Деҳлавӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҳасани Деҳлавӣ
Таърихи таваллуд: 1254 ё 1253[1]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 1328[1] ё 1336[2][3]
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: нависанда, шоир

Амир Наҷмуддин Ҳасан ибни Алои Саҷзӣ (форсӣ: امیر نجم‌الدین حسن بن علاء سجزی‎), маъруф ба Амир Ҳасани Деҳлавӣ (форсӣ: امیر حسن دهلوی‎; 1254 ё 1253[1], Сиистон1328[1] ё 1336[2][3]) — орифи ва шоири порсигӯи Ҳиндусон, котиби Шайх Низомуддин Авлиё.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҳасани Деҳлавӣ дар соли 652 ҳиҷрӣ (1254 мелодӣ) дар мавзеи Бадоюн, ки шаҳрест дар ҷануби Шарқии Деҳлӣ, таваллуд ёфтааст. Аз 13-солагӣ ба навиштани шеър шурӯъ карда, забони арабиро низ хуб медонистааст. Баъдҳо Ҳасан дар қатори Хусрави Деҳлавӣ дар дарбори Султон Алоуддини Хилҷӣ (1296—1316) хидмат мекунад ва ба ин султон қасидаҳои бисёр бахшидааст. Аз маълумотҳои охирин тахмин карда мешавад, ки Ҳасан тақрибан соли 13271328 аз дунё чашм пушидааст. Ҳасани Деҳлавӣ устоди ғазал аст.

Мероси адабӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз Ҳасани Деҳлавӣ девони мукаммал ва достончае бо номи «Ишқнома» боқӣ мондааст. Доир ба балоғат ва фасоҳати ғазалиёти Ҳасан нақлҳои зиёде ҷой дорад. Аксари муҳаққиқон шоирро дар ғазалсароӣ ва шеъргӯӣ ситоиш намудаанд. Дар асари «Латоифуттавоиф»Фахриддини Софӣ чунин омада: Шайх Камоли Хуҷандӣ дар ашъори худ «саг» бисёр мегӯяд ва Ҳасани Деҳлавӣ «дилбанд» бисёр мегӯяд. Шоире ҳар ду девонро дар як муҷаллад ба дасти касе дид. Гуфт: «Инҳоро аз ҳам ҷудо соз ва аз якдигар дур андоз, мабодо сагони Камол дилбандони Ҳасанро бихӯранд».

Ва образи дилбанд яке аз маъмултарин тимсоли офаридаи Ҳасан мебошад ва вожаи нозпарварди шоир аст:

Агар ёбанд дилбанде, намонад орзуманде,
Бигӯ ҷурм аз магас гирем ё аз ангубин бошад.

Ҳасани Деҳлавӣ дар ғазалиёташ аз мақолу зарбулмасалҳои халқӣ, санъатҳои бадеӣ, махсусан таҷнис, ҳунармандона истифода бурдааст[4].

Аз ғазалиёт

[вироиш | вироиши манбаъ]
Эй чашму чароғи дил, охир назаре бар мо,
В-эй оби ҳаёти ҷон, охир гузаре бар мо.
Гар нимшабе ногаҳ толеъ нашави чун мах,
Чуз бод, ки меорад аз ту хабаре бар мо?
Чуз субх кӣ меронад аз мо нафасе бо ту,
Бигзар чу насими гул вакти сахаре бар мо.
Халвои муроди мо бар завк намеояд,
Бифрист зи лаъли худ андак шакаре бар мо.
Роҳи дили мо диди барбаста ба хори ғам,
Аз богчаи раҳмат бикшой даре бар мо.
Гар бог ту орои, в-ар рог ту фармои,
Ҳоким натавонад шуд чуз ту дигаре бар мо.
Хуш гуфт Хасан бо ту андар шаби танхои,
К-эй чашму чароги дил, охир назаре бар мо.
Эй гулрухи бахтам, чи гуле хост бигӯ,
Эй абр, ту ҳам бекаму бекост бигӯ.
Монанди қадаш ту ҳеч сарве дидӣ?
Бар шох бие, каҷ бинишин, рост бигӯ.