Ҳаусманит

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Гаусманит
Формула Mn2+Mn23+O4
Молекулярная масса 228.81
Примесь Zn,Fe,Ca,Ba,Mg
Год открытия 1813
Статус IMA Действителен
Систематика по IMA (Mills et al., 2009)
Класс Окислы и гидроокислы
Подкласс Сложные окислы
Семейство Шпинели
Группа Гаусманита
Физические свойства
Цвет От коричневато-черного до черного
Цвет черты Коричневая или красновато-бурая
Блеск Полуметаллический
Прозрачность Просвечивает в очень тонких осколках
Твёрдость 5—5,5
Микротвёрдость 541—733
Хрупкость Хрупок
Спайность совершенная по (100).
Излом неровный
Плотность 4,7—4,84 г/см³
Кристаллографические свойства
Точечная группа 4/mmm
Пространственная группа I4/amd
Сингония Кубическая
Параметры ячейки a = 0,576 нм, c = 0,946 нм
Отношение осей a:c = 1:1.642
Число формульных единиц (Z) 4
Оптические свойства
Оптический тип Анизотропный
Цвет в отраженном свете Серовато-белый
Внутренние рефлексы Ярко кроваво-красные

Гаусманит Mn2+Mn23+O4 — минерал аз гурӯҳи шпинел, формулаи кимиёиаш Mn2+Mn23+ O4.

Таркибаш 62% MnO ва 38,0% MnО2 иборат буда, ҳамчунин FeO ва FeO2 дорад. Сингонияаш тетрагонӣ. Сохтори кристаллҳояш ба сохтори шпинел монанд аст. Агрегатҳояш маъмулан массаҳои тӯдаии донадор буда, баъзан кристаллҳои тетрагонии ба кристаллҳои браунит монанд ҳосил мекунад. Рангаш сиёҳи қаҳваӣ. Ранги хокааш сурхи моил ба бӯр. Ҷилои сатҳи тозааш алмосӣ ё нимфилиззӣ. Сахтиаш 5-5,5. Зудшикан. Вазни хоссаш 4,7-4,9. Гаусманит дар натиҷаи дигаргуншавии захираҳои таҳнишини манган, дар шароити нарасидани оксиген ба вуҷуд меояд. Ҳамроҳи браунит, манганит ва дигар минералҳои мангандор вомехӯрад. Дар шароити сероксиген фарсоиш ёфта, ба псиломелан ва пирозолит мегузарад. Захираҳои саноатиаш дар кони рагаҳои гармобии Спалск (Нижний Тагил), кони маъданҳои дигаргуншудаи таҳнишинии Қараҷол (Қазоқистон), Инфелд (Олмон) мавҷуд аст. Гаусманит минералест, ки аҳаммияти саноатӣ дорад ва бо дигар ҷинсҳои кӯҳии мангандор барои истеҳсоли чӯян ва навъҳои махсуси пӯлод истифода мешавад.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Годовиков А. Л. Минералогия. М., 1975;
  • Булах А. Гаусманит Минералогия с основами кристаллографии. М., 1989;
  • Ҷанобилов М. Минералогия. Д., 2012.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]