Jump to content

Ҳақиқати Суғд (рӯзнома)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

«Ҳақиқати Суғд» (русӣ: Согдийская правда) — ҳафтаномаи ҷамъиятиву сиёсӣ ба

Навъ 3 маротиба дар як ҳафта
Формат А1

Молик Мақомоти иҷроия Ҳокимияти давлатии вилояти Суғд
Кишвар Тоҷикистон
Асосгузорӣ 25.03.1930
Вебгоҳ hakikati-sugd.tj

забони тоҷикӣ мебошад. Рӯзнома дар ш. Хуҷанди вилояти Суғд нашр мешавад.

Муассис ва ношир - Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд аст. Сармуҳаррир – Мухтор Абдуллоев. Мавзӯъҳои рӯзнома – шарҳу тавзеҳи рафти воқеаҳо дар Тоҷикистон ва вилояти Суғд. Таҳлил ва шарҳи масъалаҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ, иҷтимоӣ-ҳуқуқӣ ва ҳаёти иҷтимои ва фарҳангии вилояти Суғд мебошад.

Таърихи рӯзнома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Шумораи нахустини рӯзнома бо номи «Роҳи колхозчӣ» 25 марти соли 1930 нашр шудааст дар ш. Ленинобод. Шумораи аввал ба хати арабиасос нашр гардид, ки дар њаёти мењнаткашон нақши муассир дошт. Муҳаррири аввалин Муҳаммадҷон Ҳасанов буд. Аз шумораи 61 (7 ноябри соли 1930) "Пролетари Хуҷанд" ном гирифт, ки органи Комитети партиявии шаҳри Хуҷанд, Совети депутатҳои шаҳр ва Бюрои иттифоқи касаба буд. Баъдтар бо номҳои «Пролетари Хуҷанд», «Болшевики Хуҷанд», «Бо роҳи Ленин», «Стахановчӣ» ва «Ҳақиқати Ленинобод» ба дасти хонандагон мерасид.

Дар саргаҳи таъсис ва рушду такомули рӯзнома як зумра фарзандони бузург, бисёр рӯзноманигорон, адибон ва олимони машҳур, аз ҷумлаи академикҳо Зариф Раҷабов, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Раҳим Ҷалил, Ҳоҷӣ Содиқ, Муҳиддин Аминзода, Аминҷон Шукӯҳӣ ва дигарон меистанд, ки беҳтарин анъанаҳои муҳити эҷодии рӯзномаи вилоятӣ, ки то ҳол идома меёбанд, бо номи ин бузургмардон марбут аст. [1]

Рӯзномаи «Бо роҳи Ленинӣ» 3 августи соли 1933 баробари рӯзномаи «Пролетари Хуҷанд» таъсис ёфт. 17 январи соли 1935 зарурати муттаҳид кардани «Пролетари Хуҷанд» ва «Бо роҳи ленинӣ» ба миён омад, ки дар асоси қарори Кумитаи ҳизбии шаҳри Хуҷанд сурат гирифт. Соли 1940 баъди ташкил ёфтани вилояти Ленинобод ба газета номи "Стахановчӣ" ниҳода шуд. Рӯзномаи вилоятии "Стахановчӣ" аз 1 январи соли 1948 "Ҳақиқати Ленинобод" ва аз соли 2001 «Ҳақиқати Суғд» ном гирифт. Дар маҷмӯъ, рӯзномаи “Ҳақиқати Суғд” дар пешрафти публитсистикаи тоҷик нақши назаррас гузоштааст.

Бахшида ба 110 – солагии аввалин рӯзномаи тоҷикии «Бухорои Шариф» ва Рӯзи матбуоти тоҷик дар Кохи матбуоти маркази вилояти Суғд маҳфили гиромидошти рӯзноманигори соҳибқалам, публитсист, ходими адабӣ, сармуҳаррири вақти рӯзномаи «Ҳақиқати Ленинобод», Корманди шоистаи ҶШС Тоҷикистон, дорандаи ордени «Байрақи сурхи меҳнат» шодравон Усмонҷон Тоҷибоев таҳти унвони «Соҳибфазилат буду инсоншинос» баргузор гардид.[2]

Бо қарори Раиси вилояти Суғд аз 10 ноябри соли 2014 Абдуллоев Мухтор Шокирович сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Суғд» таъйин гардид.