Ҳерменевтика

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Ҳерменевтика (юн.-қад. ἑρμηνευτική — ҳунари таъбир) — шарҳу тафсир ва тарҷумаи матнҳо, ки ба таҳқиқи дастури забон асос ёфтааст; омӯхтани навъҳои мушаххаси осор дар робита ба он маълумоти таърихӣ, ки барои ошкор кардани мазмуни ботинӣ ва амиқи матнҳои таърихӣ кумак мерасонад.

Ҳерменевтика тарзи тафаккури фалсафиест, ки меҳвари онро ҷараёни мудрикот ташкил медиҳад. Дар асотири Юнони Қадим Гермес паёмбари худоён, ки байни онҳо ва одамон рафтуомад карда, ба одамон паёми худоёнро мефаҳмонд. Истилоҳи ҳерменевтика ҳам аз номи Гермес гирифта шудааст. Дар фалсафаи муосир мафҳуми ҳерменевтика маъноҳои зеринро ифода менамояд: 1) назария ва амалияи шарҳи матнҳо, ибораҳои забон ва рамзҳо; 2) равияи фалсафие, ки мазмуни асосии онро дарк ё мудракот ва масоили ба он марбути забон ташкил медиҳад. Ғайр аз мақулаи «мудракот», ҳерменевтикаи фалсафӣ мафҳумҳои зеринро истифода мебарад: «анъана», «таъвил», «маъно», «ҷузъва том», «доираи герменевтикӣ».

Пайдоиши ҳерменевтика ба давраи антиқа рост меояд. Рисолаи Арасту «Дар бораи таъвил» ба санъати мудракот бахшида шудааст. Ҳерменевтика ҳамчун санъати таъбир таъвили матнҳо дар фаъолияти мутахассисони динҳои масеҳӣ ва ислом ҷойгоҳи махсус пайдо кард, зеро онҳо барои таъвилу шарҳи китобҳои муқаддас корҳои зиёдеро анҷом доданд. Ҳерменевтика дар давраи Эҳё ҳамчун санъати таъвили ёдгориҳои фарҳанги антиқа машҳур буд. Ибтидои таҳия ва коркарди фалсафаи ҳерменевтика ба фаъолияти эҷодии файласуфони немис Ф. Шлегел ва Ф. Шлейермахер алоқаманд аст. Ба ақидаи Шлегел ҳамдигарфаҳмии одамон аз табиати забон вобастагии зиёд дошта, он оинаи ҳақиқии шуур ва қобилияти тафаккури ботинӣ мебошад. Забон бо чунин хислати худ ҳамчун риштаи хотирот ва анъанаҳо, қавмҳоро бо якдигар мепайвандад. Инчунин ба монанди хотираи умумӣ ва аслиҳаи бузург ёддоштҳои тамоми инсониятро мавриди баррасӣ қарор медиҳад. Ҳерменевтика дар садаи XIX ба усули муҳимтарини маърифати таърихӣ ва илмҳои гуманитарӣ табдил ёфт.

Дар садаи XX ҳерменевтика ба таълимоти фалсафӣ дар бораи ҳастӣ табдил ёфт. Таҳия ва коркарди ҳерменевтика чун равияи фалсафӣ аз тарафи муҳаққиқи итолиёӣ дар соҳаи таърихи ҳуқуқ Э. Бетти ва файласуфи олмонӣ Гадамер оғоз ёфт. Бетти ҳерменевтикаро тавассути анъанаи романтизми олмонӣ дар иртибот ба методологияи илмҳои таърих ва гуманитарӣ мавриди баррасӣ қарор додааст. Гадамер ҳерменевтикаро на чун усули одии илмҳои гуманитарӣ, балки ҳамчун таълимот дар бораи ҳастӣ баррасӣ кардааст, лекин ӯ бар хилофи Ҳайдеггер анъанаи метафизикиеро, ки аз Афлотун то Декарт идома дошт рад накарда, кӯшиш ба харҷ додааст, ки ҳерменевтикаи ҳайдеггериро бо тафаккури хегелӣ бипайвандад. Дар ин масъала ӯ бештар ба Ҳегел пайравӣ намудааст.

Солҳои 1960-70 садаи XX масоили ҳерменевтика дар таҳқиқоти олими фаронсавӣ П. Рикёр, олимони олмонӣ ҳерменевтика Кун ва А. Аппел, австриягӣ Э. Корет ва Э. Ҳайнтел, инчунин чанде аз файласуфони Дания, Ҳолландия, ИМА мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст.

Эзоҳ[вироиш]

Адабиёт[вироиш]

  • Ильенков Э. В. Гегель и герменевтика, «Вопросы философии», 1974, № 8;
  • Гайденко П. П Герменевтика и кризис буржуазной культурно-исторической традиции, «Вопросы литературы», 1977. № 5;
  • Ионин Л. ҳерменевтика Понимающая социология. М., 1979;
  • Васильева Т. Е. Проблема герменевтического метода в современной буржуазной философии, «Философия и наука», 1980, № 4.
  • Рикёр П. Герменевтика. Этика. Политика. М., 1995.

Сарчашма[вироиш]