Jump to content

Ҳизби демократи ИМА

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод


Ҳизби демократи ИМА
Пешво: Jaime Harrison[d][1]
Асосгузор: Andrew Jackson[d] ва Martin Van Buren[d]
Санаи асосгузорӣ: 8 январ 1828
Қароргоҳ:
Маром: modern liberalism in the United States[d] ва social liberalism[d]
Сайт: democrats.org(англ.)
 Парвандаҳо дар Викианбор

Ҳизби демократи ИМА (англ. Democratic Party) — дар баробари ҷумҳурихоҳон, яке аз ду ҳизби сиёсии муосир дар Иёлоти Муттаҳида. Ин қадимтарин ҳизб дар ИМА аст. Рамзи ғайрирасмии ин ҳизб хар аст (рамзи якрав бартараф кардани монеаҳо ва истодагарӣ), ранги ғайрирасмии вай кабуд аст. Ба идеолужиҳои марказгаро ва марказгарои чап мувофиқат мекунад.

Аз солҳои 1930 инҷониб ҳизб мавқеъҳои сотсиал-либералӣ, ислоҳотталаб ва пешқадамро (прогрессивизмро) ишғол намуда, [2] [3] [4] дар сафҳои худ ислоҳотчиён, прогрессивӣ, либералҳои муосир (ба маънои Амрико) ва сентристҳоро муттаҳид мекунад. [5] Дар натиҷаи гузариши Ҳизби Демократӣ ба сӯи некӯаҳволӣ, ислоҳотпарастӣ ва прогрессивизм, ки дар солҳои 1930 ва 1960 ба вуқӯъ пайваст, ҷуғрофияи пуштибонӣ аз демократҳо низ тағйир ёфт. Агар дар нимаи дуюми асри 19 – нимаи аввали асри 20 ин ҳизб дар ҷанубу шарқи Иёлоти Муттаҳида нуфузи бештар дошта бошад, дар айни замон вай дар шимолу шарқ (иёлатҳои Миёна-Атлантик ва Англияи нав), дарМинтақаи кӯлҳои бузург ва дар соҳили Уқёнуси Ором (аз ҷумла Ҳавайӣ), инчунин дар шаҳрҳои калон новобаста аз минтақа қудрат дорад

Президенти 46-уми Иёлоти Муттаҳида Ҷо Байден шонздаҳумин демократ аст, ки ин мақомро ишғол мекунад. Дар натиҷаи интихоботи соли 2020 Ҳизби Демократ ҳам дар Сенат (51 курсӣ, аз ҷумла ноиби президент) ва ҳам дар Палатаи Намояндагон аксарияти курсиҳо ба даст овард.

  1. Jaime Harrison officially elected Democratic National Committee chairCNN, 2021.
  2. E. Grigsby. Analyzing Politics: An Introduction to Political Science. Florence: Cengage Learning. pp. 106—107. 2008 ISBN 0-495-50112-3. «In the United States, the Democratic Party represents itself as the liberal alternative to the Republicans, but its liberalism is for the most the later version of liberalism—modern liberalism.»
  3. S. N. Arnold. Imposing values: an essay on liberalism and regulation. Florence: Oxford University Press. p. 3. 2009 ISBN 0-495-50112-3. «Modern liberalism occupies the left-of-center in the traditional political spectrum and is represented by the Democratic Party in the United States.»
  4. J. Levy. The state after statism: new state activities in the age of liberalization. Florence: Harvard University Press. p. 198. 2006 ISBN 0-495-50112-3. «In the corporate governance area, the center-left repositioned itself to press for reform. The Democratic Party in the United States used the postbubble scandals and the collapse of share prices to attack the Republican Party…Corporate governance reform fit surprisingly well within the contours of the center-left ideology. The Democratic Party and the SPD have both been committed to the development of the regulatory state as a counterweight to managerial authority, corporate power, and market failure.»
  5. J. Hale. The Making of the New Democrats. New York City: Political Science Quarterly. p. 229. 1995. «Second, insofar as Democrats in Congress are roughly split into liberal and centrist wings»