Jump to content

Ҳикояҳои хурд-хурд

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

ҲИКОЯТ

Талҳакро (номи қаҳрамони фолклорӣ дар Эрон, мисли Афандӣ) бо муҳиме пеши Хоразмшоҳ фиристоданд. Муддате он ҷо бимонд. Магар Хоразмшоҳ риояте, чунон ки ӯ мехост, намекард. Рӯзе пеши Хоразмшоҳ ҳикояти мурғон ва хосияти ҳар яке мегуфтанд. Талҳак гуфт: - Хеҷ мурғе аз лаклак зирактар нест. Гуфтанд: - Аз чӣ донӣ? Гуфт: - Аз баҳри он ки ҳаргиз ба Хоразм намеояд. ҲИКОЯТ

Падари Ҳаҷӣ ду моҳии бузург бад-ӯ дод, ки бифрӯш. Дар кӯчаҳо мегардонид. Бар дари хонае расид. Зане хубсурат ӯро дид. Гуфт: «Як моҳӣ ба ман бидеҳ». Ҳаҷӣ моҳӣ бидод... хушаш омад, моҳии дигар бидод... Пас бар дари хона нишаста гуфт: - Қадре об мехоҳам. Он зан кӯзае бад-ӯ дод ва бихӯрд ва кӯза бар замин зад ва бишкаст. Ногоҳ шавҳарашро аз дур бидид ва дар гиря афтод. Мард пурсид, ки: - Чаро гиря мекунӣ? Гуфт: - Ташна будам. Аз ин хона об хостам. Кӯза аз дастам бияфтод, бишкаст. Ду моҳӣ доштам, хотун ба гарави кӯза бардоштааст ва ман аз тарси падар ба хона намеёрам рафт. Мард ба зан итоб кард, ки «кӯзае чӣ қадр дорад?!» Моҳиҳо бигирифт ва ба Ҳаҷӣ дод, то ба саломат равон шуд. ҲИКОЯТ

Туфайлиро пурсиданд, ки: - Иштиҳо дорӣ? Гуфт: - Мани бечора дар ҷаҳон ҳамин матоъ дорам. ҲИКОЯТ

Султон Маҳмуд пире заифро дид, ки пушторае хор мекашад. Бар ӯ раҳмаш омад. Гуфт: - Эй пир, ду динор зар мехоҳӣ, ё дарозгӯше, ё ду-се гӯсфанд, ё боғ, ки ба ту бидиҳам, то (ки) аз ин заҳмат халос ёбӣ? Пир гуфт: - Зар бидеҳ, то (ки) дар миён бандам ва бар дарозгуше бинишинам ва гӯсфандон дар пеш гирам ва ба боғ биравам ва ба давлати ту дар боқии умр он ҷо биёсоям. Султонро хуш омад ва фармуд чунон карданд. ҲИКОЯТ

Шахсе бо дӯсте гуфт, ки: - Маро чашм дард мекунад. Тадбир чӣ бошад? Гуфт: - Маро порсол дандон дард мекард, баркандам. ҲИКОЯТ

Кале аз ҳаммом берун омад, кулоҳаш дуздида буданд. Бо ҳаммомӣ моҷаро мекард. Ҳаммомӣ гуфт: - Ту ин ҷо омадӣ, кулоҳ надоштӣ. Гуфт: - Эй мусулмон, ин сар аз он сарҳост, ки бекулоҳ ба роҳ тавон бурд? ҲИКОЯТ

Яке аз дигаре пурсид, ки: - Қалияро ба коф кунанд ё ба ғайн? Гуфт: - Қалия на ба коф кунанд ва на ба ғайн, қалия ба гӯшт кунанд. ҲИКОЯТ

Лӯлие бо писари худ моҷаро мекард, ки «ту ҳеч коре намекунӣ ва умр дар батолат (бекорӣ ва танбалӣ) ба сар мебарӣ. Чанд бо ту гӯям, ки муаллақ задан биёмӯз, саг аз чанбар ҷаҳонидан ва расанбозӣ таълим кун, то (ки) аз умри худ бархурдор шавӣ. Агар аз ман намешунавӣ, ба Худо, туро дар мадраса андозамат, то (ки) он илми мурдареги ишон биёмӯзӣ ва донишманд шавӣ ва то зинда бошӣ, дар мазаллат ва фалокат ва идбор (бадбахтӣ) бимонӣ ва як ҷав аз ҳеч ҷо ҳосил натавонӣ кард. ҲИКОЯТ

Қазвинӣ табаре дошт, ҳар шаб дар махзан (анбор) ниҳодӣ ва дар маҳкам бубастӣ. Занаш пурсид: - Чаро табар дар махзан мениҳӣ? Гуфт: - То (ин ки) гурба набарад. Гуфт: - Гурба табар чӣ кунад? Гуфт: - Аблаҳ зане будаӣ! Шушпорае, ки ба як ҷав намеарзад, мебарад, табаре, ки ба даҳ динор харидаам, раҳо хоҳад кард?! ҲИКОЯТ

Деҳқоне дар Исфаҳон ба дари Хоҷа Баҳоуддини соҳибдевон рафт. Ба хоҷасаро гуфт, ки «бо хоҷа бигӯй, ки Худо берун нишастааст, бо ту коре дорад». Ба хоҷа бигуфт. Ба эҳзори (ҳозир кардан) ӯ ишорат кард. Чун даромад, пурсид, ки: - Ту Худоӣ? Гуфт: -Оре. Гуфт: -Чӣ гуна? Гуфт: - Ҳал он ки ман пеш деҳхудо ва боғхудо ва хонахудо будам. Нуввоби (яъне ноибони) ту деҳ ва боғу хона аз ман ба зулм бисутурданд, Худо (соҳиб) монд. ҲИКОЯТ

Қазвиниро дандон дард мекард. Пеши ҷарроҳ рафт. (Ҷарроҳ) гуфт: - Ду оқча бидеҳ, то (ки) барканам. Гуфт: -Як оқча беш намедиҳам. Чун музтариб(дар изтироб ва ҳаяҷон бошанда) шуд, ночор ду оқча бидод ва сар пеш бурд ва дандоне, ки дард намекард, бад-ӯ намуд. Ҷарроҳ онро канд. Қазвинӣ гуфт: «Саҳв кардам». Он дандон, ки дард мекард, бад-ӯ намуд. Ҷарроҳ барканд. Қазвинӣ гуфт: Мехостӣ, ки сарфи ман барӣ ва ду

оқча биситонӣ. Ман аз ту зирактарам. Туро ба бозӣ харидам ва кифояти ту чунон кардам, ки як дандонам ба як оқча баромад. ҲИКОЯТ - Талҳакро пурсиданд, ки: Даюсӣ чӣ бошад? Гуфт: - Ин масъаларо аз қозиён бояд пурсид. ҲИКОЯТ Г аронгӯше ба қазвинӣ гуфт: - Шунидам, ки зан кардаӣ (гирифтаӣ). Гуфт: - Субҳоналлоҳ, ту ки чизе нашнавӣ, ин хабар аз куҷо шунидӣ?! САВОЛ ВА СУПОРИШ: 1. Дар ҳикояти «Талҳақ ва Хоразмшоҳ» кадом хислати қаҳрамон ошкор гаштааст? 2. Дар ҳикояти «Ҳаҷӣ ва кӯза» қаҳрамон бо кадом хислат тасвир ёфтааст? 3. Ғояи ҳикояти «Туфайлӣ»-ро чӣ тавр маънидод мекунед? 4. Дар ҳикояи «Султон Маҳмуд ва пири хоркаш» чӣ маънӣ дар назар дошта шудааст? 5. Тадбири дарди чашм дар ҳикояти «Дарди чашм ва давои он» чист? 6. Ҳикояти «Кал дар ҳаммом»-ро маънидод намоед. 7. Ҳикояти «Қазвинӣ ва табар» ба кадом фазилати хоси қаҳрамон равшанӣ меандозад? 8. Дар ҳикояти «Қазвинӣ ва ҷарроҳ» кадом хислати одам тараннум ёфтааст? 9. Дар ҳикояти «Талҳақ ва қозиён» кӣ мазамат ёфтааст? 10. Дар ҳикояти «Гаронгӯш ва қазвинӣ» кадом фазилати инсонӣ мушоҳида мешавад?