Ҳилолбӣ Қурбонзода

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҳилолбӣ Қурбонзода
Ҳилолбӣ Ҷумъахон Қурбонзода
Таърихи таваллуд: 2 июн 1969(1969-06-02) (54 сол)
Зодгоҳ: ноҳияи Данғара, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Шаҳрвандӣ:  Тоҷикистон
Ҳизб: Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон
Навъи фаъолият: вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳилолбӣ Ҷумъахон Қурбонзода - аз Ҳавзаи интихоботии Данғара № 36 вилояти Хатлон — вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати V [1]

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҳилолбӣ Ҷумъахон Қурбонзода 2 июни соли 1969 дар деҳаи Ғарғараи ноҳияи Данғара ба дунё омадааст. Соли 1992 факултети таърихи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм карда, дар кафедраи таърихи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намудааст. Аз соли 1999 то соли 2000 дар шуъбаи таърихи муосири Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ходими илмӣ, аз соли 2000 то соли 2002 дар Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати сармутахассис ва аз соли 2004 то соли 2008 ба сифати сардори шуъбаи илм ва экспертизаи мавзуҳои илмию техникии Раёсати рушди соҳаҳои иҷтимоии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст. Ҳамзамон аз соли 2001 то соли 2005 ҳамчун котиби илмии Шӯрои олимони факултети таърихи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон ва аз соли 2002 то соли 2004 ҳамчун котиби илмии Шӯрои олимон ва муҳаққиқони ҷавони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорабиниҳои илмӣ, хусусан дар конференсияҳои ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок намуда, муҳтавои маърӯзаҳояш дар маҷмӯаи мақолаҳои илмии конференсияҳо ба чоп расидааст. Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 июли соли 2008 Қурбонзода Ҳилолбӣ ба вазифаи муовин ва аз 2 ноябри соли 2011 ба вазифаи муовини якуми раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардидааст. 1 – марти соли 2015 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.

Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ мебошад.[2]


Нигаред низ[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]