Ҳимояи Ватан
Зоҳир
Ҳимояи Ватан - тибқи моддаи 43 Конститутсияи ҶТ ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлол, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст. Ҳолати конститутсионии ҳимояи Ватан гуногун буда, вай ба тамоми шаҳрвандони ҶТ новобаста аз вазъи саломатӣ ва муносиб будан ба хидмати ҳарбӣ паҳн мегардад. Шакли асосии ҳимояи Ватан иҷрои хидмати ҳарбӣ мебошад. Шаҳрвандони ҶТ адои хидмати ҳарбиро мувофиқи қонун амалӣ месозанд.[1]
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с.508