Jump to content

Ҳуқуқ ба ҳимояи Ватан

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Ҳуқуқ ба ҳимояи Ватан — Конститутсия ба сифати вазифаи муқаддаси шаҳрванд ҳифзи ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлол, амният ва иқтидори мудофиавии онро муқаррар кардааст (моддаи 43). Ин вазифаҳоро муқаддас эълон кардани Конститусия моҳияту таъйиноти онҳоро муайян менамояд. Ҳар як давлат барои ҳимояи истиқлоли худ чораҳои имконпазирро раво мебинад. Дар андешидани ин чораҳо шаҳрванд субъекти фаъол буда, ҳам ба воситаи намояндагон ва ҳам бевоснта дар ҳалли масъалаҳои Ҳимояи Ватан ва пурзӯр кардани иқтндори мудофиавии он иштирок менамояд. Яке аз шаклҳои иҷрои вазифаҳои номбурда хидмат дар сафи Кувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ мебошад, ки тартиби он бо қонунҳо муайян карда мешавад. Дар низоми қонунгузории ҳарбй қонун дар бораи уҳдадории умумии ҳарбй ва хидмати ҳарбй мавқеи калон дорад. Муқаррар карда шудаасг, ки шаҳрвандони то рӯзи даъват синнашон ба 18-солагӣ расида ба хидмати муҳлатноки ҳарбй даъват карда мешаванд. Хидмати ҳақиқии ҳарбй аз вақти савгандёдкунӣ оғоз меёбад. Дар савганди ҳарбй тайёр будани ҳар як хидматчии ҳарбй ба ҳифзи ватан, ҳимояи истиқлолу амнияти он ботантана ифода меёбад.[1]

Нигаред низ[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 520