Ҳифзи иҷтимоӣ аз бекорӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Ҳифзи иҷтимоӣ аз бекорӣ -яке аз ҳуқуқҳои асосии конститутсионии шаҳрвандон ба ҳисоб меравад (м. 35 Конститутсияи ҶТ). Давлат барои ҳифзи иҷтимоии бекорон чорабиниҳои гуногунро меандешад, ки дар ҶТ Қонун «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолй» аз 16 июли соли 2003 муқаррар шудаанд. Тибқи он шаҳрвандоне, ки хоҳиши кор карданро доранд ва дар ҷустуҷӯи он мебошанд, аз тарафи мақомоти шуғли аҳолй ҳамчун бекор ба қайд гирифта шуда, барои онҳо кори муносиб пешниҳод мешавад.[1]

Нигаред низ[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 509