Jump to content

Ҳишмати Бадахшонӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҳишмати Бадахшонӣ
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 1748 ё 1750
Шаҳрвандӣ (табаият):

Мирмуҳташам Алихон Ҳишмати Бадахшонӣ (форсӣ: محتشم‌علی‌خان حشمت بدخشانی‎; Бадахшон1748 ё 1750) — шоири порсигӯи Ҳинд[1].

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Яке аз ниёгонаш, ки аз содоти Бадахшон буд, дар Ҳиндустон иқомат гузид ва Мирбоқӣ, падари шоир, мулозими Муҳаммадёрхон, соҳиби дорулхилофаи Шоҳҷаҳонобод ва хонаводаи Аврангзеб Оламгир шуд.

Мирмуҳташам дар Шоҳҷаҳонобод зода шуд ва дар ҳамон шаҳр парвариш ёфт ва дар шумори фуҳалаҳои асри хеш даромад. Ӯ аз дӯсти Навоб Наҷмуддавла Исҳоқхони Баҳодур, аз ҳокимони маҳаллии Ҳинд, баҳраманд шуд ва таҳти ҳимояти вай мезист.

Ҳишмат ба иқтифои ашъори Абдурризо Матин ва Сироҷуддин Алихони Орзу, шоирони муосири худ, шеър месуруд, ва Алиқулихон Волаи Доғистонӣ, шоири эронии муқими Ҳинд, ба шеъре аз ӯ, ки таъризе дар ҳаққи эрониёни муқими Ҳинд дошта, посух гуфтааст. Ҳишмат илова бар шоирӣ, сипоҳии беназири низ будааст.

Тазкиранависон ӯро ба сифоти чун ширинзабонӣ ва хушсуҳбатӣ ва сифатҳои чун ҳусни хулқ ва доштани табъи олӣ сутудаанд. Аз ӯ девони наздик ба 7000 байт барҷо мондааст, ки дар рӯзгори ҳаёташ, Сироҷуддин Алихони Орзу, муаллифи «Маҷмаъу-л-нафоис», онро тасҳеҳ карда буд.

  1. حشمت بدخشانی. دایره المعارف بزرگ اسلامی.