Сироҷуддин Алихони Орзу
Намуди зоҳирӣ
Сироҷуддин Алихони Орзу | |
|---|---|
| Таърихи таваллуд: | 1688 ё 1689[1] |
| Зодгоҳ: | |
| Таърихи даргузашт: | 26 январ 1756 |
| Маҳалли даргузашт: | |
| Навъи фаъолият: | шоир, файласуф |
| Забони осор: | форсӣ |
Сироҷуддин Алихони Орзу (форсӣ: سراجالدین علی خان آرزو; 1688 ё 1689[1], Агра — 26 январ 1756, Лакҳнав[2]) — шоир, фарҳангнавис ва донишманди форсизабони Ҳиндустон.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Орзу дар дарбор соҳиби мансаби калон ва пуштибони шоирон будааст. Дар Деҳлӣ ва Лакҳнав зистааст. Навиштаҳои ӯ умдатан ба забони форсӣ буд аммо 127 рубоӣ ба забони урду ҳам нигоштааст.
Баёзи Орзу «Сироҷу-л-луғот» аз ашъори шоирони классикии форс-тоҷик ба ҳам омадааст. Ба асарҳои Саъдӣ, Низомӣ ва дигар шарҳ навиштааст. Дар луғати тартибдодаи Орзу «Ғароибу-л-луғот» ибораҳои фразеологӣ ва баъзе калимаҳои урду ба забони форсӣ шарҳ ёфтаанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 Deutsche Nationalbibliothek Record #131563467 // Gemeinsame Normdatei (нем.) — 2012—2016.
- ↑ 2.0 2.1 Прабук (ингл.) — 2018.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Орзу Сироҷуддин Алихон // Плешко — Сақил. — Д. : СИЭСТ, 1986. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 6).