Ҳобилҷон Зикирзода
Ҳобилҷон Ҳайиталиевич Зикирзода | |
Таърихи таваллуд | 7 феврал 1981 (43 сол) |
Зодгоҳ | ноҳияи Ҳисор |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | фалсафа |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои фалсафа |
Алма-матер | Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ |
Ҳобилҷон Ҳайиталиевич Зикирзода (тав. 07.02.1981, д. Шоҳони н. Ҳисор) — файласуф, номзади илмҳои фалсафа (2009).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҳобилҷон Зикирзода солҳои 1998–2002 дар бакалаврият, 2002–2004 дар магистратураи факултети филологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ таҳсил намудааст. Солҳои 2001 то 2005 мутахассиси шуъбаи кор бо ҷавонон, 2005 мудири шуъбаи кор бо ҷавонон, солҳои 2005-2013 раиси Кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯён, 2013- 2014 мудири кафедраи фалсафа, 2014-2015 декани факултети география, 2016 мудири кафедраи фалсафа, 2016- 2018 декани факултети забонҳои романӣ-германӣ, 2018 -2021 ҳамчун мудири кафедраи фалсафаи фарҳанги Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ ва аз соли 2021 раиси Кумитаи иттифоқи касабаи устодону кормандони донишгоҳ фаъолият дорад. Бо қарори комиссияи Академияи илмҳои табиатшиносии Руссия бо унвони профессори академияи мазкур мушарраф гардидааст 249 (2016). Муаллифи 2 монография ва зиёда 30 мақолаи илмӣ-тадқиқотӣ ва дастурҳои методӣ аст, ки дар меҳвари онҳо ақидаҳои иҷтимоӣ-сиёсии Ибни Халдун баррасӣ шудаанд.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Энсиклопедияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ