Ҳолатҳое, ки ҷазоро сабук мекунанд

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Ҳолатҳое, ки ҷазоро сабук мекунанд — ин ҳолатҳои дар м. 61 Кодекси ҷиноятии ҶТ пешбинишуда, ки суд уҳдадор аст ҳангоми таъйини ҷазо онҳоро ба назар гирад.

Ҳолатҳои сабуккунандаи ҷазо инҳо мебошанд;

  • а) бори аввал содир намудани ҷиноят;
  • б) ноболиг будани гунаҳкор;
  • в) ҳомиладор будан;
  • г) кӯдакони хурдсол доштани гунаҳгор;
  • е) бо сабаби вазнинии шароити зиндагӣ ва ё аз рӯи дилсӯзӣ содир намудани ҷиноят;
  • ё) содир намудани ҷиноят дар ҳолати ҳаяҷони сахти рӯҳие, ки сабаби он зӯроварй, таҳқири сахт ё амалҳои дигари ғайриқонунии ҷабрдида мебошад;
  • ж) содир намудани ҷиноят дар ҳолати аз ҳадци мудофиаи зарурӣ гузаштан, дастгир кардани шахси ҷиноят содирнамуда, зарурати ниҳой, таваккали асоснок, иҷрои фармон ё амр;
  • з) таҳти таъсири таҳдид ё маҷбуркунӣ ё вобастагии моддӣ, хизматӣ ва е вобастагии дигар содир намудани ҷиноят;
  • и) ихтиёран омада ба гуноҳи худ иқрор шудан, сидқан пушаймон шудан, фаъолона мусоидат кардан дар ошкор намудани ҷиноят, фош кардани дигар иштирокчиёни ҷиноят дар кофтукови амволии дар натнҷаи ҷиноят бадастомада;
  • к) бевосита пас аз содир намудани ҷиноят расонидани ёрии тиббӣ ё кумаки дигар ба ҷабрдида, ихтиёран талофй кардан ё рафъ сохтани зарари моддӣ ва маънавии дар натиҷаи ҷиноят расонидашуда, анҷом додани амалҳои дигаре, ки ба ислоҳи зарари ба ҷабрдида расонидашуда равона гардидаанд (қ.2 м.61 КҶ ҶТ).

Агар ҳолати дар қисми якуми м. 62 КҶ ҶТ зикргардида дар моддаи дахлдори Қисми махсуси КҶ ҶТ ба сифати аломати ҷиноят пешбинӣ шуда бошад, онро такроран ҳамчун ҳолати сабуккунандаи ҷазо ба назар гирнфтан мумкин нест (қ. 2 м.62 КҶ ҶТ). Ҳангоми таъйин намудани ҷазо ҳолатҳои дигари дар қ.2 м. 62 КҶ ҶТ зикргардида мумкин аст ҳамчун ҳолатҳои сабуккунанда ба назар гирифта шаванд (қЗ. м.62 КҶ ҶТ).[1]

Нигаред низ[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 513