Jump to content

Ҳомилтун (Онторию)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҳомилтун (Онторию)
англ. City of Hamilton
Парчам Нишон
Парчам Нишон
Кишвар  [[|]]
Таърих ва ҷуғрофиё
Таърихи таъсис 9 июн 1846
Масоҳат
  • 1 138 110 000 м²
Баландӣ
75 м
Вақти минтақавӣ EDT[d]
Аҳолӣ
Аҳолӣ
Шиносаҳои ададӣ
Нишонаи почта L0R, L8E-L8W, L9A-L9C, L9G-L9H, L9K
Вебгоҳи расмӣ(англ.)
Ҳомилтун (Онторию) дар харита
 Парвандаҳо дар Викианбор

Ҳомилтун (англ. Hamilton), Гамилтон — шаҳри бандарии ингилисизабон дар устони Онториюи

Ҳомилтун (Онторию)

Конодо. Аҳолиаш 560 ҳазор нафар (2013).

Бандари кӯлӣ дар халиҷи сарбаста, дарёи киштигарди Бурлингтонро бо кӯли Онтарио мепайвандад. Маркази р. о. ва роҳҳои автомобилгард. Фурудгоҳи байналмилалӣ дорад. Ҳомилтунро соли 1778 фирориён — шоҳпарастони амрикоӣ асос гузоштаанд. Баъд ба номи Ҷорҷ Гамилтон, ки соли 1813 ба он ҷо омада, тарҳи шаҳри ояндаро кашида буд, гузошта шуд. Аз соли 1833 шаҳрак, аз соли 1846 шаҳр. Ҳомилтун аз рӯйи ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноат шаҳри севвуми мамлакат; маркази бузурги филиззоти сиёҳ (аз ибтидои садаи XX) аст. Корхонаҳои саноати мошинасозӣ, коркарди филиззот, истеҳсоли таҷҳизоти барқӣ ва тиббӣ, бофандагӣ, селлюлозаву коғаз дорад. Дар Ҳомилтун Донишгоҳи Мак-Мастер (1987; бо реактори ҳастаӣ), нигористони бадеӣ, осорхонаҳои ҳарбӣ, тайёраҳои ҳарбӣ, театри Дюморйе, маркази санъати иҷроияи Гамилтон-Плейс, боғи ботаники шоҳаншоҳӣ, боғи ҳайвонот фаъолият доранд. Дар атрофи Ҳомилтун шаршараи Ниагара мавҷуд аст.