Jump to content

Ҳондурасиҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Ҳондурасиҳо — аҳолии асосии Гондурас. Дар ИМА, Мексика, Никарагуа ва дигар мамлакатҳо низ зиндагӣ мекунанд. Ҳондурасиҳо ҳамчун халқият дар замони мустамликадории испаниҳо (асрҳои 16-18) ташаккул ёфтаанд. Аксарият бо шеваи маҳаллии забони испанӣ ва қисми дигар бо забони англисӣ гап мезананд. Хатташон лотинӣ. Шумораашон зиёда аз 8 млн нафар (2013) буда, асосан пайрави мазҳаби католикии дини масеҳӣ мебошанд. То омадани аврупоиҳо ба қитъаи Амрико дар Гондурас қабилаҳои ҳиндии маҳаллӣ (ленка, ҳикаке, пайа ва ғ.) мезистанд. Солҳои 30 асри 16 қисме аз мустамликадорони испанӣ аз Гватемала ба Гондурас омада, бо мардуми маҳаллӣ омехта шуданд, ки минбаъд асоси ташаккулёбии гондурасиҳо гардиданд. Дар асрҳои 18-19 сокинони «Вест-Индия»-и Британия ва гарифҳо (насли омехтаи ҳиндуёни Амрикои Марказӣ ва ғуломони африқоӣ) низ дар қисми шарқии Гондурас сокин шуда, бо мардуми маҳаллӣ омезиш ёфтанд. Ҳондурасиҳо асосан ба кишоварзӣ (парвариши банан, тамоку, қаҳва, найшакар, биринҷ ва ғ) ва моҳидорӣ машғуланд. Хонаҳояшон аз чӯб сохта шуда, деворҳои онҳо бо андова ва бомашон бо най рупӯш карда шудаанд. Дар фолклори гондурасиҳо анъанаҳои ҳиндуёни Амрико ба назар мерасанд.

  • Народы Америки. Т. 2. М., 1959;
  • Брук С. И. «Население мира. Этнодемографический справочник», М.,1986.