Ҳурмузи Сакистонӣ
Зоҳир
Таваллуд | асри III |
---|---|
Даргузашт | номаълум |
Падар | Шопури Мешоншоҳ |
Модар | Денаги Мешонӣ |
Ҳурмузи Сакистонӣ (асри III — номаълум) — шоҳзодаи Соcонӣ, писари Шопури Мешоншоҳ.
Ӯ раҳбарии шӯришеро дар Сакистон ва навоҳии атрофаш бар уҳда дошт. Дар соли 271, ӯ ба унвони ҳукмрони Мешон ва навоҳии атрофаш гумошта шуд. Се сол баъд, вақте, ки писаръамӯяш, Баҳроми II ба тоҷу тахт расид, хоҳари Ҳурмуз, Шопурдухтак бо ӯ издивоҷ кард. Дар ҳаволии соли 281, Ҳурмуз алайҳи Баҳроми II шӯриш кард ва тавассути сокинони Эрони шарқӣ, аз ҷумла сокинони Гелон мавриди ҳимоят воқеъ шуд. Шӯриши Ҳурмуз дар ниҳоят дар соли 283 саркӯб шуд ва ӯ каме баъд ба дастури Баҳроми II эъдом шуд ва ӯ писари худаш, Баҳроми III-ро ба унвони ҳукмрони Сакистон баргузид.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Pourshariati, Parvaneh (2008). Decline and Fall of the Sasanian Empire: The Sasanian-Parthian Confederacy and the Arab Conquest of Iran. London and New York: I.B. Tauris. ISBN 978-1-84511-645-3.
- Shapur Shahbazi, A. (2005). "SASANIAN DYNASTY". Encyclopaedia Iranica, Online Edition. http://www.iranicaonline.org/articles/sasanian-dynasty. Retrieved 3 April 2014.
- Frye, Richard Nelson (1984). The History of Ancient Iran. C.H.Beck. pp. 1–411. ISBN 9783406093975.
- Gignoux, Philippe (1994). "DĒNAG". Encyclopaedia Iranica, Vol. VII, Fasc. 3. pp. 282. http://www.iranicaonline.org/articles/denag.