Баҳроми II

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Баҳроми II
274 — 293
Пешгузашта Баҳроми I
Ҷонишин Баҳроми III

Таваллуд асри III
Даргузашт 293
Мадфан
Дудмон Хонадони Сосон
Падар Баҳроми I
Ҳамсар Шопурдухтак
Фарзандон Баҳроми III
Эътиқод маздаясно
 Парвандаҳо дар Викианбор

Баҳроми II (порсии миёна: 𐭥𐭫𐭧𐭫𐭠𐭭 (Warahrān, Wahrām); асри III293) — подшоҳи Соcонӣ (274—293) ва писари Баҳроми I. Баъд аз падар подшоҳ шуд. Ибтидо ситамгар буд ва ба андарзи мӯбаде рафтори худро тағйир дод.

Бештар бо шикор шуғл дошт, ашрофиёни норозӣ зидди ӯ сӯиқасд ташкил намуданд, вале сӯиқасд ошкор шуд ва Баҳроми II идораи давлатро пурра ба зимма гирифт. Ӯ вилояти Систонро забт намуда, ҳудуди давлатро васеъ намуд. Имперотури Рум Карус ба сарзамини Сосониён лашкар кашида, вилояти Байнаннаҳрайнро, ки аз замони Шопур дар ихтиёри Эрон буд, ба осонӣ забт намуд. Баҳроми II қабл аз подшоҳӣ муддате ҳокими Кушон буд, бинобар ин лақаби Кушоншоҳ дошт.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]