Ҳусейн Паноҳӣ
| |
Таърихи таваллуд: | 28 август 1956 |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт | 4 август 2004 (47 сол) |
Маҳалли марг: | |
Шаҳрвандӣ: | |
Касб: | шоир, ҳунарпеша, коргардони филм, нависанда, филмноманавис, намоишноманавис |
IMDb: | ID 0659070 |
hosseinpanahi.ir |
Ҳусейн Паноҳии Дижкӯҳ (форсӣ: حسین پناهی دژکوه; 28 август 1956, Шаҳристони Куҳгилӯя, Устони Куҳгилӯя ва Буйир Аҳмад — 4 август 2004, Теҳрон[1]) — ҳунарпеша, коргардон, нависанда ва шоири эронӣ[2]. Ӯ дар соли 1991 барандаи дипломи ифтихори Беҳтарин бозигари нақши аввали мард аз Ҷашнвораи филми Фаҷр шуд[3][4].
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҳусейн Паноҳӣ дар 6 шаҳривари 1335 шамсӣ (28 августи 1956) дар рустои Дижкӯҳ воқеъ дар ҳаволиии шаҳри Савқ аз тавобеъи шаҳристони Куҳгилӯия ба дунё омадааст[5].
Даврони ҳирфаӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҳусейн Паноҳӣ бозигариро нахуст аз маҷмӯъаи телевизиюнии «Маҳаллаи беҳдошт» оғоз кард. Сипас чанд намоиши телевизиюнӣ бо истифода аз намоишномаҳои худаш сохт, ки муддатҳо таваҷҷуҳе ба онҳо нашуд. Бо пахши намоиши «Ду мурғобӣ дар маҳ» аз телевизиюн, ки илова бар навиштану коргардонӣ худаш низ дар он бозӣ мекард, хуш дурахшид ва бо пахши намоишҳои телевизиюнии дигараш тарафи таваҷҷуҳи мухотибони хосс қарор гирифт.
Намоишҳои «Ду мурғобӣ дар маҳ» ва «Як гулу баҳор», ки Паноҳӣ онҳоро навиштаву коргардонӣ карда буд, бино ба дархости мардум, ба дафаъот аз телевизиюн пахш шуд. Дар даҳаи шаст ва авоили даҳаи ҳафтод, ӯ яке аз навовартарин нависандагон ва коргардонони телевизиюн буд[6].
Дар авохири даҳаи 70 бознависии филмномаи сериёли телевизиюнии «Марями муқаддас»-ро дар канори коргардони маҷмӯъа ва Ҳусайн Нурӣ бар уҳда гирифт[7], ки ин маҷмӯъа ба яке аз сериёлҳои пурмухотаби таърихии Эрон бадал шуд.
Ба далели физики кӯдакона ва шикананда, наҳваи хосси сухан гуфтан, содагӣ ва хулусе, ки аз рафтораш меборид ва танзи талхаш бозигари нақшҳои хос буд. Аммо Ҳусейн Паноҳӣ бештар шоир буд ва ин шоиронагӣ дар зара-зара ҷонаш нуфуз дошт. Нахустин маҷмӯъаи шеъри ӯ бо номи «Ман ва Нозӣ» дар 1376 мунташир шуд. Ин маҷмӯъаи шеър токунун беш аз шонздаҳ бор таҷдиди чоп ва ба шаш забони зиндаи дунё тарҷума шудааст[6]. Шеъри Паноҳӣ аз назари сурат ба сабки шеъри сафед аст. Паноҳӣ шоирест, ки саъй дорад бештар ба дарунмоияи шеър таваҷҷуҳ дошта бошад то инки худро даргири завоҳири шеър кунад.
Даргузашт
[вироиш | вироиши манбаъ]Вай дар 14 мурдоди 1383 шамсӣ (4 августи 2004) дар синни 48-солагӣ бар асари сактаи қалбӣ даргузашт ва дар қабристони шаҳри Савқ ба васияти худи вай ва ба далели инки модараш дар онҷо дафн шуда буд, ба хок сипурда шуд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 выгрузка данных Freebase — Google.
- ↑ دختر حسین پناهی از پدرش میگوید | بوف کور در دوران طلبگی حسین پناهی | او به نمیدانمهایش رسید(форсӣ). همشهری آنلاین (2 сентябри 2020). 29 августи 2022 санҷида шуд.
- ↑ بازیگری که در لابهلای شعرهایش گم شد(форсӣ). خبرآنلاین (5 августи 2019). 29 августи 2022 санҷида шуд.
- ↑ 2545. درباره حسین پناهی(форсӣ). ایرنا (4 августи 2020). 29 августи 2022 санҷида шуд.
- ↑ درگذشت حسین پناهی. javan.hmg.ir. 29 августи 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 29 августи 2022.
- ↑ 6.0 6.1 2520. انعکاس مرگ و زندگی در نظم و نثرهای حسین پناهی(форсӣ). ایرنا (6 августи 2019). 29 августи 2022 санҷида шуд.
- ↑ حرانی، شهریار. «تا حدود زیادی به واقعیات تاریخی نزدیک شدهایم». سینما ویدئو، یکشنبه ۲۱ آذر ۱۳۷۸، شماره ۲۲۶، ص ۶.