Jump to content

Ҳуқуқи аврупоӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Ҳуқуқи аврупоӣ — низоми меъёрҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва фавқулмиллӣ мебошад, ки ба соҳаҳои мухталифи ҳуқуқ мансуб аст. Ҳуқуқи аврупой ҳуқуқи минтақавӣ ба ҳисоб рафта, қисми ҳуқуқи байналмилалиро ташкил медиҳад. Ҳуқуқи аврупоӣ муносибатҳои оммавӣ-ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, молиявӣ, меҳнатӣ, гражданӣ ва дигар муносибатҳоро танзим менамояд, ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳоро дар қитъаи Аврупо амалӣ мегардонад. Дар қатори ҳуқуқи аврупоӣ мавқеи асосиро санадҳои қонунгузорие, ки аз ҷониби мақомотҳои Иттиҳоди Аврупо - Шӯрои Аврупо, Комиссия, Ассамблеяи парламентии Шӯрои Аврупо (PACE) нашр мешаванд, ишғол менамоянд.[1]

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - С. 521