Ҳуқуқи андоз
Зоҳир
Ҳуқуқи андоз — қисмати зерсоҳавии ҳуқуқи молиявӣ буда, аз маҷмӯи меъёрҳои ҳуқуқие иборат мебошад, ки муносибатҳои ҷамъиятии андозро ба танзим медароранд. Барои он ки пардохтҳои андоз ба буҷет ба ҷо оварда шавад, механизми махсуси муносибатҳои ҷамъиятие заруранд, ки дар шароити онҳо субъектони ин муносибатҳои ҷамъиятӣ амалиётҳои аз ҷиҳати ҳуқуқӣ аҳамиятнокро ба амал бароранд ва иҷрои мақсади андозро таъмин намоянд. Бинобар ин, зарурати мавҷудияти силсилаи томи муносибатҳои ҷамъиятии табиатан якхела, ки ба талаботи ба маблагҳои пулӣ доштаи давлат хидмат мекарданд, зарурати мавҷудияти қисмати зерсоҳавии ҳуқуқи молиявиро пешакӣ муаяйн менамояд, ки он вази- фаи ба вуҷуд овардан ва танзими ин гуна муносибатҳоро иҷро мекард.[1]
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 523