Андоз
Андóз, боҷ, молиёт — пардохти ҳатмӣ, ки онро шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар асоси муқаррароти Кодекси андоз ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии амалкунандаи кишвар ба буҷети умумидавлатӣ ва буҷетҳои маҳаллӣ ворид менамоянд. Моҳияти иқтисодии андоз ин аст, ки давлат ба воситаи истифодаи ин фишанги иқтисодӣ як ҳиссаи муайяни даромади давлатро дар шакли марказонидашуда ҷамъоварӣ намуда, ба ин васила хазинаи давлатро ғанӣ мегардонад ва маблағҳои қисмати даромади буҷетро барои таъмини рушди иқтисоди миллии кишвар, бахусус соҳаҳои афзалиятноки миллии он, саҳмгирии зарурӣ дар амалӣ намудани вазифаҳои иҷтимоӣ, давлатӣ ва ғайра сарф менамояд. Шахсони воқеӣ (шаҳрвандон) ва шахсони ҳуқуқӣ (корхонаҳо, муассисаҳо ва ғайра) мутобиқи қонун ва қоидаҳои амалкунанда дар ҳудуди Тоҷикистон ҳамчун андозсупорандагони асосӣ эътироф шудаанд ва онҳо уҳдадор мебошанд, ки андозҳои ба тарзи расмӣ муқарраршударо дар муҳлати муайяншуда, тибқи меъёри тасдиқшуда ва пурра ба буҷаи давлат пардохт намоянд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати андозро бо мақсади таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ ва дар ин замина баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ амалӣ мегардонад.
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Маъхазҳо ва адабиёти таърихӣ-иқтисодӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки ҳеч як кишвари дунё бе пайванди мустақим бо сиёсати андозбандӣ ва андозситонӣ вазифаи пур кардани хазина ё қисмати даромади буҷети давлатро дар амал татбиқ карда наметавонад. Намудҳои гуногуни андоз баробари пайдо шудани давлат ва сохторҳои бо он марбут ба миён омадаанд. Ҳар як давлат вобаста ба талаботи давру замонҳои гуногуни таърихӣ низоми андоз, тарзу қоидаҳо, намудҳои мухталиф ва меъёрҳои онро ҷорӣ мекард ва менамояд. Мисоли равшани инро мо аз таърихи халқҳои Осиёи Марказӣ, таҷрибаи аҳди Сомониён ва давлатдориҳои минбаъда дар ин минтақа, инчунин даврони мавҷудияти Ҳокимияти Шӯравӣ мушоҳида карда метавонем. Дар асрҳои XI–XII андозҳои гуногун, ба мисли хараҷ ва тамға барои савдогарон, мирал барои чорводорон ва ғайра истифода мешуданд. Дар солҳои баъдина давлатдорон сиёсати андозбандӣ ва андозситониро на танҳо дар мадди аввали сиёсати молиявӣ-иқтисодии хеш мегузоштанд, балки барои ғанӣ гардондани даромади буҷети давлат онро такмил медоданд, тағйироту иловаҳои нав ба нав ворид мекарданд.
Зарурат, моҳият ва принсипҳои истифодаи андозро дар Европа аввалин шуда олим Уилям Петӣ соли 1662 дар китоби «Дар бораи андозҳо ва авориз» муайян кардааст. Баъдтар, соли 1776 олими барҷастаи иқтисоддон, поягузори илми иқтисод Адам Смит асари безаволи худ «Таҳқиқи моҳият ва сабабҳои пайдоиши бойгарии халқҳо»-ро интишор намуд, ки дар он масъалаҳои муҳими назарияи иқтисодӣ мавриди таҳқиқи амиқ қарор гирифтаанд. Ақидаи ӯ оид ба амали низоми иқтисоди бозорӣ ва танзими он ба воситаи як «дасти ноаён», дар бобати андоз ва андозситонӣ, принсипҳои асосии он ва масоили дигари иқтисодӣ то имрӯз аҳамияти илмию амалии худро гум накардааст. Маҳз Смит бори аввал чаҳор принсипи классикии ташкили самарабахши фаъолияти андозситониро асоснок ва пешниҳод намудааст.
- Одилона ё боинсофона будани андоз. Аз рӯи ин принсип андоз бояд мувофиқи ҳаҷми даромади пулии андозсупоранда ситонида шавад.
- Муайянии андоз, яъне меъёр ва муҳлати пардохти он бояд пешакӣ ва мушаххас муқаррар гардад.
- Сарфакорӣ ва камхарҷӣ оид ба андозбандӣ ва андозситонӣ. Моҳияти ин принсип дар он ифода меёбад, ки меъёри андоз дар ҳади ақал бошад, то боиси ғорат ва норозигии аҳолӣ нагардад.
- Дар андозситонӣ бояд ба амали худсарӣ ва қонуншиканӣ роҳ дода нашавад ва он бояд ҳамеша таҳти назорати кормандони мақомоти андоз бошад.
Истифодаи принсипҳои зикршуда дар фаъолияти мақомоти андоз ва намояндагии он дар шаҳру ноҳияҳо барои ба низом овардани амалиёти андозбандӣ ва андозситонӣ, аз байн бурдани беадолатӣ, андозгирии аз меъёр зиёд, решакан кардани худсарию ҷабр кардан нисбат ба андозсупорандагон бештар ба таъмини адолат ва шаффофияти ин раванди иқтисодӣ мусоидат мекунад. Донишмандони машҳур Давид Риккардо, Ҷон Мейнард Кейнс ва як қатор олимони илми иқтисоди муосир ба масъалаҳои ташаккули механизм ва усулҳои андозбандӣ, сода, фаҳмо ва самарабахш гардидани истифодабарии принсипҳои андоз ва системаи андоз таваҷҷуҳи хос зоҳир кардаанд. Дар шароити амали иқтисоди бозорӣ ва амсилаи иқтисоди омехта, ки ҳоло дар кишварҳои алоҳидаи ҷаҳон (масалан, ҶХХ, ИМА) мавриди истифода қарор дорад, ба истифодаи амалии боз як қатор принсипҳои дигар ба монанди: сода ва шаффоф будани андоз, ҳадди ақал будани имтиёзҳои андоз, ягонагии системаи андозҳо дар қаламрави як давлат; қиёсшавандагии андозҳо барои кулли андозсупорандагон ва ғайра таваҷҷуҳи бештар дода мешавад.
Низоми андозбандӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Мазмун ва муҳтавои масоили андозбандӣ ва андозситонӣ дар низоми андози ҳар як кишвар пурра инъикос меёбад. Дар Тоҷикистон низоми андозбандии хос мавриди истифода қарор дорад. Унсурҳои асосии низоми андоз инҳоанд:
- объекти андозбандӣ
- манбаи андоз
- меъёри андоз
- муҳлати пардохти андоз;
- имтиёзҳои андоз
- ҷаримаи андоз
- эъломияи андоз
- агенти андоз
- андозбандии махсус барои фаъолияти соҳибкории инфиродию хурд ва ғайра.
Дар ҷумҳуриҳои узви ИДМ таносуби байни андозҳои умумидавлатӣ ва андозҳои маҳаллӣ аз ҳамдигар фарқ ва хусусиятҳои хос доранд.
Намудҳои андоз дар Тоҷикистон
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҳоло (2011) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 намуди андозҳои умумидавлатӣ мавҷуд аст:
- андоз аз даромади шахсони воқеӣ;
- андоз аз фоидаи шахсони ҳуқуқӣ;
- андоз аз арзиши иловашуда;
- аксизҳо;
- андози иҷтимоӣ;
- андози замин;
- андоз аз истифодабарандагони қаъри замин;
- андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард;
- андозе, ки тибқи низоми содакардашуда пардохта мешавад;
- андози ягона барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ;
- боҷи гумрукӣ ва дигар пардохтҳои гумрукӣ;
- боҷи давлатӣ;
- андоз аз фурӯш (нахи пахта ва алюминийи аввалия);
- андози ҳадди ақал аз даромадҳо;
- андоз аз маҳсулоти коркарди молҳо;
- роялтӣ барои об;
- дигар пардохтҳои ҳатмии умумиҷумҳуриявӣ.
Маблағҳои ба буҷети умумидавлатӣ воридгашта, тибқи қонунгузории амалкунанда бо дарназардошти зарурат байни буҷетҳои давлатӣ ва маҳаллӣ тақсим карда мешаванд.
Андозҳои маҳаллӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Андозҳои маҳаллӣ аз чор намуд иборат буда, танҳо ба буҷетҳои маҳаллии дахлдор ворид мегарданд:
- андоз аз молу мулки ғайриманқул;
- андоз аз соҳибони воситаҳои нақлиёт;
- андоз аз фурӯши чакана;
- дигар пардохтҳои ҳатмии маҳаллӣ.
Дар Тоҷикистон айни ҳол миқдори намудҳои андоз зиёд мебошад, гарчанде назар ба солҳои пештар (40 намуд) як андоза кам гардидааст. Дар Тоҷикистон низоми андозбандӣ дар ҳоли такмил аст.
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М. А. — Душанбе: ЭР-граф, 2009
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Андоз / С. Ҳабибов // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.
Ин мақолаи хурд дар бораи молиёт аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. |