Jump to content

Ҳуқуқи интихоботии умумӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Ҳуқуқи интихоботии умумӣ — интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вакилони халқ умумист. Ҳар шаҳрванди 18-сола новобаста аз аҳволи иҷтимоӣ ва молумулкӣ, мансубияти миллӣ ва нажодӣ, ҷинс, забон, маълумот, муносибат ба дин, навъу шакли машғулият ҳукуқи интихоб кардан дорад. Ин ҳуқуқ дар маъракаи интихобот бо чораҳон ташкилӣ кафолат дода мешавад. Дар асоси қонун шаҳрванди синнаш дар рӯзи интихобот ба 18 расида, ки дар қаламрави маҳалли интихобот доимӣ ё муваққатӣ истиқомат мекунад ва ҳуқуқи дар овоздиҳй иштирок кардан дорад, ба рӯйхати интихобкунандагон ворид мешавад. Интихобкунанда танҳо дар як ҳавзаи интихоботӣ ба рӯйхат гирифта мешавад.[1]

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 524