Ҳуқуқи парлумонӣ
Зоҳир
Ҳуқуқи парлумонӣ – падидаи ҳуқуқи конститусионӣ, ки мавзӯи он тартиби ташкил ва фаъолияти мақомоти намояндагӣ ва қонунгузории давлатиро дарбар мегирад. Сарчашмаҳои ҳуқуқи парлумонӣ инҳоянд: худи Конститусияи ҶТ, ки боби алоҳида дар бораи парлумон дорад. Масалан, боби сеюми Конститусияи ҶТ ба Маҷлиси Олии ҶТ бахшида шудааст; санадҳои қонунгузорй, ки дастурҳои конститутсиониро инкишоф медиҳанд; дастури (регламентӣ) парлумонӣ (ё ин ки ҳар ду дастурҳои палатаҳо дар парлумони дупалатагӣ), ва дигар санадҳои парлумонӣ хислати ташкилӣ ва мурофиавӣ дошта; урфу одатҳои парлумонӣ - ин бештар дар давлатҳое, ки таърихи дурударози парлумониро аз сар гузаронидаанд, аҳамияти махсус дорад.[1]
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 528