Jump to content

Ҳуқуқу озодиҳои фарҳангӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Ҳуқуқу озодиҳои фарҳангӣ - ба ҳар шахс ҳуқуқи озодона дар ҳаёти фарҳангии ҷамъият, эҷодиёти бадей, илмӣ ва техиикӣ ширкат варзидан, аз дастовардҳои онҳо истифода кардан дода шудааст. Сарватҳои фарҳангӣ ва маънавиро давлат ҳимоя мекунад. Моликияти ақлӣ таҳти ҳимояи қонун қарор дорад (моддаи 40). Давлат ба шаҳрвандон сарфи назар аз ҷои истиқоматиашон дастрасӣ ба комёбиҳои фарҳангиро таъмин менамояд. Ин кор бо роҳи ба ҳама дастрас намудани арзишҳои ҷаҳонй ва ватанй, инкишоф додан ва баробар ҷойгир кардани муассисаҳои маданию равшаннамой дар мамлакат, рушди телевизион ва радио, нашриёт ва матбуот, китобхонаҳои бепул, рушди алоқаҳои маданй бо давлатҳои ҳориҷй таъмин карда мешавад. Яке аз кафолатҳои муҳими озодии фаъолияти эҷодии ипмй, бадеӣ, санъат, ихтироот ва кашфиёт, бекор кардани сензураи давлатӣ ва ҳар гуна маҳдудиятҳои гоявй мебошад.[1]

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 535