Ҳуқуқ ба корпартоӣ
Ҳуқуқ ба корпартоӣ — яке аз ҳуқуқҳои конститусионии кории (бештар иқтисодӣ) инсон дар давлатҳои демократӣ мебошад. Ҳуқуқ ба корпартоӣ қисми васеътари ҳуқуқ ба баҳсҳои кории инфиродӣ ва дастаҷамъии шаҳрванд бо истифода аз қоидаҳои муқарраркардаи қонун мебошад. Ин намуди ҳуқуқ бештар дар конститутсияҳои давлатҳои ҳориҷӣ таҷассум ёфтааст, конститутсияи собиқ давлатҳои сотсиалистӣ ин ҳуқуқро умуман эътироф намекарданд. Оид ба татбиқи ҳуқуқ ба корпартоӣ чи дар қонунгузорӣ ва чи дар матни конститутсияҳо маҳдудиятҳои бисёре дида мешавад. Чун қоида, ҳарбиён, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва муассисаҳои ҳаётан муҳим, умуман ҳамаи хизматчиёни давлатӣ аз истифодаи ин ҳуқуқ маҳруманд. Конститутсияи ҶТ чунин намуди ҳуқуқро пешбинӣ намекунад, вале дар Кодекси меҳнати ҶТ чунин ҳуқуқ сабт шудааст.[1]
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с.
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |