Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Ҷавонӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Ҷавонон)

Ҷавонӣ — давраи инкишофи инсон то камолот.

Хусусиятҳои хос

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар охири наврасӣ камолоти умумии ҷисмонӣ ва ҷинсии бадан ба анҷом расида, камолоти ҷисмонӣ ба даст меояд. Писарон ва духтарон ба синну соли камолоти хеш (ба ҳисоби миёна мутаносибан ба синни 21 ва 17 сола) мерасанд.

Дар бораи муҳлати ин давра - ҷавонӣ, ақидаи ягонаи азҷониби умум эътирофшуда вуҷуд надорад. Даврабандии сарҳадҳои синну соли миёна, системаи табақабандии синну сол, ки дар ҷомеъа мавҷуд аст, аз фарҳанги маҳали зисти онҳо вобастагӣ дорад ва бо мурури замон тағйир меёбад. Дар як фарҳанг ҳамзамон равишҳои мухталиф барои муайян кардани чаҳорчӯби ҷавонон вуҷуд доранд. Ҳамин тариқ, ҷавонӣ одатан аз марҳилаи пеш аз он наврасӣ ҷудо ҳисобида мешавад. Бо вуҷуди ин, дар баъзе таърифҳо наврасӣ ҳамчун як қисми ҷавониро дар бар мегиранд. Ҳамчунин даврабандии синну сол вуҷуд дорад, ки марҳилаи иловагӣ (ҷавонӣ,камолот.) байни ҷавонӣ ва камолотро ҷорӣ мекунанд.

Мавҳуми ҷавонӣ ҳамчун марҳилаи алоҳидаи гузариши ҳаёти инсон на барои ҳама фарҳангҳо маъмул аст; дар баъзе фарҳангҳо, гузариш аз кӯдакӣ ба калонсолӣ аз "маросимҳои бахшидан"-и кӯтоҳ иборат аст.

Фаҳмиши асримиёнагӣ дар бораи ҷавонӣ, мисли дигар давраҳои синну сол, бештар ба мақоми иҷтимоӣ нигаронида шуда буд. Ҳамин тариқ, марди муҷаррадро новобаста аз синну сол метавон «ҷавон» ҳисоб кард. Дар асри XVIII афзоиши индивидуализм, худмуайянкунии инфиродӣ бар хилофи мутобиқшавӣ ба тартиботи мавҷуда, ба пайдоиши фаҳмиши нави ошиқонаи ҷавонон ҳамчун давраи «тӯфон ва фишор», «таваллуди дуюм» мусоидат кард. Китоби «Эмил, ё дар бораи тарбия»-и Жан-Жак Руссо (1762), ки дар он асари мутафакир ин андешаҳо ба таври муфассал баён шуда буданд, «кашф» ё «ихтироъ»-и ҷавонӣ номида мешавад.

Ҳамчунин нигаред

[вироиш | вироиши манбаъ]