Jump to content

Деҳоти Ҷавонон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Деҳот
Деҳоти Ҷавонон
Кишвар  [[|]]
Тобеъи Ноҳияи Файзобод
Шомили 13 деҳа, 1400 хоҷагӣ
Маркази маъмурӣ Саричинор
Таърих ва ҷуғрофиё
Таърихи таъсис соли 1931
Вақти минтақавӣ UTC+05:00
Аҳолӣ
Аҳолӣ 11 339 нафар нафар (2010)
Миллият тоҷикон
Мазҳаб мусулмонон: суннӣ-ҳанафӣ
Забони расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
Коди телефон +992 3135
Домени интернет tj
Коди мошинҳо TJ08
Деҳоти Ҷавонон дар харита

Ҷавонон — ҷамоати деҳот дар ноҳияи Файзобод. Соли 1931 ташкил карда шудааст. Ба он деҳаҳои Арзанова, Дова, Дубеда, Карсанг, Муллотуғма, Муллошайхӣ, Навобод, Саричинор, Обисангбур, Хамисеб, Хамисавра, Чаноро, Ҷавонон дохил мешаванд. Марказаш деҳаи Саричинор. Аз маркази ҷамоат то маркази ноҳия 2,5 км. Аҳолиаш 11339 нафар (2010), тоҷикон. Аз 1400 хоҷагӣ иборат аст.

Дар ҳудуди ҷамоат 4 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, 1 мактаби таҳсилоти асосӣ, 2 мактаби ибтидоӣ, Омӯзишгоҳи касбҳои техникии № 24 (дар деҳаи Дубеда), 5 хоҷагии ҷамоавии деҳқонӣ, 191 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ, 2 маркази саломатӣ, 5 бунгоҳи тиббӣ, 14 чойхонаи ҷамъиятӣ, 23 мағоза, 2 нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, 3 осиёи барқӣ, 1 осиёи обӣ ва масҷиди панҷвақта фаъолият доранд. Майдони умумии заминҳо 14594 га буда, аз он 543 га заминҳои корами обӣ, 1543 га заминҳои корами лалмӣ, 7514 га боғ, 7587 га чарогоҳ аст. Пешаи асосии мардум кишоварзӣ, боғу токдорӣ, чорводорӣ ва занбӯриасалпарварӣ мебошад. Дар мактабҳои ҷамоат ба 2203 нафар хонанда 109 нафаромӯзгорон таълиму тарбия медиҳанд. 4 нафар омӯзгорони ҷамоат - Кабиров Гулизор, Азизов Абдулҳақ. Манонов Нусратулло ва Қурбонова 3. Н. соҳиби унвони «Корманди шоистаи Тоҷнкистон» гардидаанд. Дар маркази саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ ба сокинони ҷамоат 9 нафар духтурон хидмати тиббӣ мерасонанд.

Шахситҳои маъруф

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз фарзандони ҷамоат Каримова Бибигул, Бобиева Роҳила, Ҳакимов Акбар Дӯстмуродович, Ҳакимов Меъроҷиддин Дӯстмуродович дар солҳои гуногун вакили мардумӣ дар Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудаанд.

Раисони ҷамоат

[вироиш | вироиши манбаъ]

Солҳои гуногун инҳо раиси ҷамоати деҳоти Ҷавонон буданд: Ризоев Гул (1931 - 1941), Ҳасан Ғаюрбек (1941 - 1951), Юсупов Раҷаб (1951 - 1960), Қурбонов Табар (1960 - 1968), Маҳмадиева Давлатбӣ (1968 - 1970), Нозимова Ашӯрбӣ (1970 - 83), Мавлонова Алқос (1983 - 2007), Раҷабова Сайбй (2007 - 2010; ҳоло муовини раиси ноҳия). Аз соли 2010 сарварии ҷамоатро Раҷабов Сафаралӣ ба уҳда дорад.

  • ФАЙЗОБОД. Энсиклопедия. Душанбе, 2011. Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. 392 саҳ.