Jump to content

Ҷалол Алиев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷалол Алиев
Ҷалол Раҷабович Алиев
Таърихи таваллуд 15 март 1939(1939-03-15)
Зодгоҳ ноҳияи Ваҳдат, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Таърихи даргузашт 30 июл 2005(2005-07-30) (66 сол)
Маҳалли даргузашт ноҳияи Ваҳдат, Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ кимиё
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои химия
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко

Ҷалол Раҷабович Алиев (тав. 15.03.1939, ноҳияи Кофарниҳон (имрӯза Ваҳдат) — 30.07.2005, ноҳияи Ваҳдат), кимиёшиноси тоҷик, номзади илми химия (1972), дотсент.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Солҳои 1956–1957 муаллими мактаби миёнаи ба номи Белинскии шаҳри Норак буд. Солҳои 1957–1962 дар шуъбаи биология-химияи факултети табиатшиносӣ ва географияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко таҳсил кардааст. Солҳои 1962–1964 ҳамчун ассистенти кафедраи зоологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко кор кардааст. Солҳои 1964–1965 дар сафҳои Артиши Шӯравӣ хидмат намудааст. Солҳои 1965–1967 ассистенти кафедраи химияи Донишкадаи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон, 1967–1970 аспиранти Институти химияи умумӣ ва ғайриорганикии АИ ИҶШС, 1970–1973 ходими хурди илмии озмоишгоҳи моддаҳои фториддори холиси Институти химияи АИ Тоҷикистон буд. Солҳои 1973–2005 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ. Ҷӯраев ҳамчун муаллими калон, дотсент, мудири кафедраи химияи органикӣ ва биологӣ, ҷонишини декан ва и. в. декани факултети химия кор кардааст. Аз соли 2002 то даргузашташ и. в. мудири кафедраи технология ва экологияи химиявии факултети химияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ номбурда буд. Муаллифи 5 китоб ва зиёда аз 40 мақолаҳои илмӣ, илмию методӣ мебошад. Мавзӯи тадқиқотҳои ӯро рафтори 3d элементҳо дар маҳлули фториди ҳидроген ва фториди ҳидрогени моеъ, коррозияи 3d филизот ва хӯлаҳои он дар маҳлули кислотаи фториди ҳидроген ва фториди ҳидрогени моеъ, ҳамчунин ҳимояи онҳо аз коррозия дар муҳити мазкур ташкил медиҳад. Барои хидматҳояш бо ду ифтихорномаи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст.

  • Химияи умумӣ ва ғайриорганикӣ. Қисми 1 (бо ҳаммуаллифӣ), Д., 1992;
  • Химияи умумӣ ва ғайриорганикӣ. Қисми 2 (бо ҳаммуаллифӣ), Д., 1992;
  • Химияи умумӣ ва ғайриорганикӣ. Қисми 3 (бо ҳаммуаллифӣ), Д., 1996;
  • Пайдоиш ва миқдори об дар сайёраи Замин (бо ҳаммуаллифӣ), Д., 2003;
  • Роҳнамои муаллим (бо ҳаммуаллифӣ), Д., 1992;
  • Таъмини химиявии бехатарии экологӣ (бо ҳаммуаллифӣ), Д., 2004;
  • Система H2O – CuF – HF при 0оС, Д., 1970;
  • Исследование системы металл – НҒ – Н2О, Д., 1970.