Ҷамолиддин Шарипов
Шарипов Ҷамолиддин Сафолович | |
Таърихи таваллуд | 26 апрел 1994 (30 сол) |
Зодгоҳ | ноҳияи Ховалинг, Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | таърих |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи миллии Тоҷикистон |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои таърих |
Алма-матер | Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (2017) |
Ҷамолиддин Шарипов (Шарипов Ҷамолиддин Сафолович; 26.04.1994; ноҳияи Ховалинг, Ҷумҳурии Тоҷикистон) — таърихшинос, номзади илмҳои таърих[1].
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Шарипов Ҷамолиддин Сафолович 26-уми апрели соли 1994, дар деҳаи Гулзори ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон, дар оилаи коргар таваллуд шудааст. Соли 2012 мактаби миёнаро бо «медали тилло» хатм намуда, ба тариқи суҳбат ба факултети таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил ва онро соли 2017 бо дипломи аъло хатм намудаст. Дар давоми донишҷӯӣ дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ миёни макотиби олӣ ва дарёфти «Ҷоми Академияи миллии илмҳо» ширкат намуда, чор маротиба соҳиби ҷойи якум гардидааст. Соли 2018 ба шуъбаи аспирантураи ДМТ дохил шуда, соли 2021 рисолаи номзадиашро дар мавзуи «Инъикоси таърихи аҳди қадими халқи тоҷик дар осори Эмомалӣ Раҳмон» (Освещение древней истории таджикского народа в трудах Эмомали Рахмона) ҳимоя намудааст. Солҳои 2017-2023 омӯзгори кафедраи таърихи халқи тоҷики ДМТ, солҳои 2017-2020 ба ҳайси раиси Ҷамъияти илмии факултети таърих кор кардааст. Аз моҳи январи соли 2023 ба ҳайси директори Маркази илмӣ-таҳқиқотии Пешвои миллат фаъолият дорад.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]Муаллифи 2 монография, 2 воситаи таълимии ёрирасон, 2 барномаи таълимӣ ва зиёда аз 30 мақолаи илмию методӣ мебошад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ САДА ЧӢ МАЪНО ДОРАД ВА ЧӢ ГУНА ҶАШН АСТ? Номзади илмҳои таърих Ҷамолиддин Шарипов ба ин савол посух медиҳад — АМИТ "Ховар" (ru-RU). 5 феврали 2024 санҷида шуд.