Ҷамолуддини Гелӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷамолуддини Гелӣ

Ҷамолуддини Гелӣ (форсӣ: جمال‌الدین گیلی‎; ? — 1253, Қазвин) — ориф, шайхи маъруфи тариқати кубравия.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз зиндагии Ҷамолуддини Гелӣ ҳамин қадар маълум аст, ки ӯ ҳамасри ҳафтумин ҳокими исмоилияи Аламут Алоуддин Муҳаммад писари Ҷалолуддин Ҳасан (1221-55) буд. Ҳокими мазкур ба ӯ иродату ихлоси тамом дошт ва ҳамасола маблағи 500 динор зари сурх ҳамчун назр ба ӯ мефиристод. Ҷамолуддини Гелӣ муддате дар Хоразм дар ҳалқаи муридони Наҷмуддини Кубро буд; дар зумраи 12 муриди барҷастаи шайхи мазкур даромада, яке аз халифагони вай ва аз ҷониби ӯ мулаққаб ба «Айнуззамон» гашт. Баъди ҳуҷуми Чингизхон ба Хоразм Наҷмуддини Кубро худ дар Хоразм монда, ба муридонаш рухсат дод, то шаҳрро тарк кунанд. Ҷамолуддини Гелӣ ба Қазвин рафта, то охири умр дар он ҷо ба иршоди муридон машғул шуд ва дар ҳамон ҷо даргузашт. Ҳангоми ҳамлаи муғулҳо ба Қазвин дар соли 1244 мардум ба хонақоҳи Ҷамолуддини Гелӣ паноҳ оварданд. Зоҳиран, Ҷамолуддини Гелӣ ба арабӣ ва форсӣ шеър мегуфтааст, аммо дар манбаъҳо танҳо 2 байти арабӣ аз ӯ нақл шудааст. Дар «Таърихи гузида», «Тарҷумаи „Маҷолису-н-нафоис“ ва „Муншаот“» таълифоти манзум ва мансуре ба вай нисбат дода шудааст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Мавлоно Нуриддин Абдурраҳмони Ҷомӣ. Нафаҳоту-л-унс мин ҳазароти-л-қудс. Д., 2013;
  • حمدالله مستوفی. تاریخ گزیده. تهران، ١٣٣٩ ه. ش.؛
  • خواندمیر غیاث الدین. حبیب السیر. تهران، ١٣٥٢ ه. ش.؛
  • میرخواند محمد. روضة الصفا. تهران، ١٣٣٩ ه. ش.؛
  • نوایی علیشیر. مجالس النفائس. تهران، ١٣٦٣ ه. ش.؛
  • صفا ذبیح الله. تاریخ ادبیات در ایران. تهران، ١٣٦٦ ه. ش.؛
  • دائرة المعارف بزرگ اسلامی. جلد ١٨. تهران، ١٣٨٩ ه. ش

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]