Ҷамолуддин Қосимӣ
Таърихи таваллуд | 1 октябр 1866[1] |
---|---|
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 18 апрел 1914[1] (47 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Шогирдон | Muhammad al-Bazam[d] ва Muḥammad Bahjat Bayṭār[d] |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Ҷамолуддин ибни Муҳаммад Саъиди Қосимӣ (форсӣ: جمال الدين بن محمد سعيد القاسمي; 1 октябр 1866[1], Димишқ — 18 апрел 1914[1], Димишқ) — олим ва донишманди шофеӣ.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар кӯдакӣ ба омӯзиши Қуръон ва улуми динӣ пардохта, дар фиқҳ, тафсир ва ҳадис шуҳрат ёфт. Аз раҳбарони наҳзати сиёсии зиддиистеъморӣ дар минтақаи Шом буд. Назди Муҳаммад Абдуҳ дониш ва сиёсатомӯхт. Солҳои 1890‒94 маъмури омӯзиши дарсҳои умумӣ дар рустоҳо ва шаҳрҳои ҳудуди Сурияи кунунӣ буд. Қосимӣ ба Миср, сипас ба Мадина рафт. Баъди бозгашт ба Димишқ муттаҳам ба таъсиси мазҳаби ҷадид дар дин ‒ ҷамолӣ шуд. Соли 1934 дастгир, баъдан озод гардид. Пас аз ин воқеа гӯшанишинӣ ихтиёр карда, дар манзили худ ба толибилмон тафсир, улуми шариат ва адабро меомӯзонд. «Маҳосину-т-таъвил фӣ тафсири-л-Қуръони-л-карим» («Тафсири Қосимӣ») муҳимтарин асари Қосимӣ ва аз беҳтарин тафсирҳои муосир ба шумор меравад. Ӯ муътақид аст, ки Қуръон фарогирандаи асрори улуми Коинот аст. Аз ин рӯ, дар муқаддимаи тафсир, фаслеро оид ба масоили нуҷумии дар Қуръон тарҳшуда ихтисос дода, мавзӯъҳои марбут ба офаринишу тадбири ҳастиро баррасӣ кардааст. «Қавоиду-т-таҳдис», «Далоилу-т-тавҳид», «Ислоҳу-л-масоҷид мина-л-бидъа ва-л-ъавоид» ва «ал-Фатово фӣ-л-ислом» аз дигар осори муҳимми ӯянд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Қосимӣ // Косон — Қурбон. — Д. : СИЭМТ, 2023. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 11). — ISBN 978-99985-0-053-2.