Ҷамшед Пиримов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷамшед Пиримов
Таърихи таваллуд 25 апрели соли 1948
Зодгоҳ Ноҳияи Истаравшан

Ҷамшед Пиримов - узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, ҳамчун узви Конфедератсияи байналхалқии журналистон, Аълочии маориф ва фарҳанги ҷумҳурӣ, дорандаи ҷоизаҳои адабии ба номи Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ ва Зуфархон Ҷавҳарӣ аст.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҷамшед Пиримов 25 апрели соли 1948 дар деҳаи Майдончаи ноҳияи Истаравшан таваллуд ёфтааст. Соли 1971 факултаи таъриху филологияи Институти педагогии шаҳри Ленинободро хатм намуда, дар мактаби деҳа муаллим, аз соли 1979 то соли 1997 дар ҳайси мудири шуъбаи адабиёту маърифат дар газетаи республикавии «Совет Тожикистони» кор кардааст. Ҳоло ӯ сармуҳаррири газетаи «Қадрият», ҷонишини сармуҳаррири маҷаллаи «Суғд ёгдуси», мудири сектори адабиёти узбек дар назди шуъбаи Суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистои мебошад.

Эҷодиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҷамшед Пиримов шеърнависиро дар мактаби миёна сар карда, машқҳои нахустинаш дар газетаи ноҳиявии Ӯротеппа «Роҳи сотсиализм» чоп мешуданд. Кор дар редаксияҳо барои ӯ мактаби тарбия дар соҳаи журналистика ва адабиёт, ҳамчун фазлу адабу одамгарӣ шуд. Ӯ бо шоирони варзидаи тоҷику ӯзбек шиносоии наздик дошта, дар тарҷумаи асарҳои онон имкон пайдо кард. Ва солҳои охир ӯ чаҳор китоби тарҷумаи шоирони муосири тоҷикро ба табъи дӯстдорони ашъор расонд. Ӯ пайвандгари адабиёти тоҷику ӯзбек мебошад. Дар навбати худ шоирони шинохтаи тоҷик Алӣ Бобоҷон, Салими Хатлонӣ, Раънои Зоирдухт, Неъмати Оташ ва дигарон шеър ва ғазалҳои Ҷамшедро ба забони тоҷикӣ гардониданд. Асарҳои ӯро мусиқӣ баста, суруд мехонанд. Шоир даҳҳо китоби ашъори худро дорад.

Ӯ узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, ҳамчун узви Конфедератсияи байналхалқии журналистон, Аълочии маориф ва фарҳанги ҷумҳурӣ, дорандаи ҷоизаҳои адабии ба номи Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ ва Зуфархон Ҷавҳарӣ аст. Шоир дар солҳои охир қиссаҳои Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фазлиддин Муҳаммадиев «Варта», «Шоҳии япон» ва даҳҳо ҳикояҳои ӯро ба ӯзбекӣ тарҷума намуда ба чоп супорид.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Баёзи адибони Истаравшан - Душанбе: "Эҷод", 2009.- 288 саҳ.