Jump to content

Ҷамшед Саидзода

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷамшед Саидзода
Таърихи таваллуд 10 апрел 1966(1966-04-10) (58 сол)
Зодгоҳ

Ҷамшед Саидзода (Саидов Ҷамшед Ҳамроқулович; 10 апрели 1966, ноҳияи Мосвка) — ходими ҳизбӣ ва давлатӣ, доктори илмҳои техникӣ, профессор. Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати V[1]

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҷамшед Саидов 10 апрели соли 1966 дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, дар оилаи омӯзгор таваллуд шудааст[2]. Соли 1983 мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 5-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадониро бо медали тило ва соли 1990 факултети «Сохтмони саноатӣ ва гражданӣ»-и Донишкадаи политехникии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ)-ро бомуваффақият хатм намудааст. Фаъолияти кориаш соли 1990 ба ҳайси инженери корҳои илмӣ дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ оғоз ёфта, аз соли 1991 то соли 2004 дар донишгоҳи мазкур ассистент, муаллими калон ва дотсенти кафедраҳои «Технология ва ташкили истеҳсолоти сохтмон» ва «Истеҳсоли маводҳо, технология ва ташкили сохтмон», раиси иттифоқи касабаи донишҷӯён, ноиби ректори донишгоҳ оид ба корҳои тарбиявӣ буд. Аз соли 2004 то соли 2007 дар вазифаҳои раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе кор кардааст. Тайи солҳои 2007—2009 директори Маркази танзими Лоиҳаи обтаъминкунии шаҳри Душанбе ва солҳои 2009—2010 муовини Раиси шаҳри Душанбе буд.

Аз моҳи майи соли 2010 то имрӯз дар вазифаи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе фаъолият менамояд. Доктори илмҳои техникӣ мебошад.

Бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардидааст. Бо мукофоти соҳавии «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Ифтихорномаи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон қадрдонӣ шудааст.

Оиладор, соҳиби шаш фарзанд мебошад.

  1. КМИР рӯйхати вакилони тозаинтихоби Маҷлиси намояндагонро чоп кард. 8 марти 2015 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 4 июли 2015.
  2. Абдулмаҷид МУРОДОВ. Барои вакил будан сазовор ва арзанда аст(тоҷ.). Садои мардум — нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 18 августи 2021 санҷида шуд.