Ҷамъияти саҳомии пӯшида

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Ҷамъияти саҳомии пӯшида, ҶСПҷамъияти саҳомие, ки саҳмияҳояш танҳо байни муассисони он ё гурўҳи дигари шахсони қаблан муайянгардида тақсим карда мешавад. Чунин ҷамъияти саҳомӣ ҳуқуқ надорад ба саҳмияҳои баровардааш обунаи кушода доир намояд ё ба тарзи дигар онҳоро барои харид ба гурӯҳи номаҳдуди шахсон пешниҳод кунад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон[вироиш]

Шумораи саҳмдорони ҷамъияти саҳомии пўшида набояд аз панҷоҳ нафар зиёд бошад.

Агар шумораи саҳмдорони ҷамъияти саҳомии пўшида аз шумораи ниҳоии муқараррнамудаи ҳамин қисм бештар бошад, ин ҷамъияти саҳомӣ дар  муддати як сол бояд ба ҷамъияти саҳомии кушода табдил дода шавад. Агар шумораи саҳмдорони он то шумораи ниҳоии муқараррнамудаи ҳамин қисм кам нагардад, ҷамъияти саҳомӣ бояд бо тартиби судӣ барҳам дода шавад.

Саҳмдорони ҷамъияти саҳомии пӯшида барои аз рўи нархи ба дигар шахс пешниҳодшуда харидорӣ намудани саҳмияҳои саҳмдорони ҳамин ҷамъияти саҳомӣ афзалият доранд. Дар оинномаи ҷамъияти саҳомӣ метавонад ба ҷамъияти саҳомӣ ҳуқуқи афзалиятноки аз саҳмдорон харида гирифтани саҳмияҳояшон пешбинӣ карда шавад, ба шарте ки саҳмдорон аз ҳуқуқи афзалиятноки харидани саҳмияҳо истифода накарда бошанд.

Эзоҳ[вироиш]

Адабиёт[вироиш]