Ҷамъияти фаръӣ
Ҷамъияти фаръӣ — ҷамъияти хоҷагие дониста мешавад, ки дигар ҷамъият ё ширкати хоҷагӣ бо сабаби иштироки афзалиятноки худ дар сармояи оинномавии он ё мутобиқи шартномаи байни онҳо басташуда бо тарзи дигар имконияти муайян намудани супоришҳои аз ҷониби чунин ҷамъият қабулшавандаро дорад. Ҷамъияти фаръӣ барои фаъолияти ҷамъияти (ширкати) асосӣ масъулият надорад. Ҳангоме ки ҷамъияти (ширкати) асосӣ ҳуқуқи ба ҷамъияти фаръй, аз ҷумла мувофиқи шартнома додани дастурҳои ҳатмиро дорад, м ӯ т о б и қ и а ҳ д и б а с т а и ҷамъияти фаръй барои иҷрои чунин дастурҳо бо ин ҷамъият масъулияти муштарак ва дар сурати гуноҳи ҷамъияти (ширкати) асосӣ б арои қарзҳои он масъулияти иловагӣ ба зимма дорад. Дар баробари ҳамин иштирокчиёни (саҳмдорони) ҷамъияти фаръӣ ҳуқуқ доранд, ки аз ҷамъияги (ширкати) асосӣ руёнидани зарари бо гуноҳи он ба ҷамъияти фаръӣ расонидашударо талаб намоянд, ба шарте ки дар қонунгузорӣ тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.[1]
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. — Душанбе: ЭР-граф, 2009. — с. 552
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |