Ҷараёни инкишофи ҷинояткорӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Ҷараёни инкишофи ҷинояткорӣ — нишондоди микдорию сифатии ҷинояткорӣ буда, самти ҳаракати ҷинояткорӣ, яъне тагйирёбии онро дар вақти муайян нишон медиҳад. Ба тағйирёбии сифат ва миқдори ҷинояткорӣ сабаб ва шароитҳои он, сохти демографии аҳолӣ ва дигар ҳолатҳо, инчунин тагйирёбии қонунгузории ҷиноятй, ки шумораи кирдорҳои зиддиҳуқуқии ҷиноӣ, ҷазо, таснифи ҷиноятро кам ё зиёд ва дигаргун месозад, таъсир мерасонанд. Динамикаи ҷинояткориро аз рӯи тағйирёбии он нисбати соли муайян, ё ин ки ҳарсола нисбат ба соли гузашта бо ифодаи фоиз нишон медиҳанд. Паст ва ё болоравии онро инчунин ба тариқи нақша низ нишон додан мумкин аст.[1]

Нигаред низ[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. — Душанбе: ЭР-граф, 2009. — с. 554-555