Jump to content

Ҷашни арӯсии тоҷикон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Табрикоти Президенти Тоҷикистон бо ҷашни арӯсии навхонадорон

Ҷашни арӯсии тоҷикон вобаста ба мавқеи ҷуғрофӣ, таркиби аҳолӣ ва омилҳои дигар, аз ҷумла динию мазҳабӣ, аз якдигар баъзе тафовутҳо доранд. Ҷашни арӯсӣ ё худ тӯйи арӯсӣ фарогири суруду тарона, расму ойин, одатҳо, бовару ақидаҳо, рақсу мусиқӣ, лаҳзаҳои намоишӣ ва ғайра мебошад, ки ҳар яке аз онҳо вазифа ва мавриду мавқеи иҷрои худро дорад.

Маросимҳои дохилии ҷашни арӯсӣ дар гузашта хеле зиёд буданд, масалан, интихоби арӯс, хостгорӣ, номзадӣ, ноншиканон, фотиҳа, парчабуррон, андозу барори хароҷоти арӯсӣ, маслиҳатошӣ, чодарабарон, нонбандон, оши наҳор, саршӯён (барои арӯсон), сартарошон, саллабандони домод, шаҳбарӣ, арӯсталбон ва ғайра. Бояд қайд намуд, ки дар солҳои охир баъзе аз маросимҳои номбурда маҳдуд ба хонавода шудаанд. Чанде аз инҳо дар хонадони арӯс ва қисми дигарашон дар хонадони домод баргузор мегарданд.

Қисми зиёди маросимҳои ҷашни арӯсии тоҷикон суруду таронаҳои хоси худро доранд. Байту сурудхонӣ ҳанӯз аз маросимҳои нахустини ҷашни арӯсӣ оғоз гардида, ҳангоми домодро ба хонаи арӯс овардан ва арӯсбарон иҷрои он авҷ мегирад. Як силсила суруду таронаҳои ҷашни арӯсиро мардум дар мавридҳои муайяни тӯй дастаҷамъона иҷро мекунанд. Фолклоршиносон сурудҳои ҷашни арӯсиро ба навъҳои хабарӣ, омодагӣ, оид ба ҷудоиву фироқ аз волидайн, табрикӣ, тантанавӣ, тавсифӣ, рақсу бозӣ ва ҳазломез тасниф намудаанд. Яке аз сурудҳои рақсӣ марбут ба маросими «Сартарошон» мебошад, ки дар аксарияти минтақаҳои ҷумҳурӣ иҷро мегардад. Суруди мазкурро дар гузашта шаҳмардон ва имрӯзҳо ҳофизони халқӣ ҳангоми омода намудани домод ба ҷашни арӯсӣ месароянд. Дар матнисуруд сарояндагон аз хоҳар, бародар падару модари шаҳ ва дигар наздиконаш таъкидан хоҳиш мекунанд, ки ҳар яке ба ороиши домод ҳиссагузор шуда, ҳаққи сартарошро пардохт намоянд. Ҳама:

Устои ланги сартарош,
Сара покиза тарош.

Сарбайтхон:

Хоҳари шаҳ, ба ту мегӯм,
Бар сари шаҳ танга бичош!

Ҳама:

Устои ланги сартарош
Сара покиза тарош.

Сарбайтхон:

Додари шаҳ ба ту мегӯм
Дар сари шаҳ тоқӣ бидоз…!

Як силсила сурудҳои ҷашни арӯсӣ сӣ асарҳое ташкил доданд, ки ба гусел кардани арӯс аз хонаи падараш бахшида шудаанд. Сарояндагони чунинасарҳо, асосан, ҷӯраҳои домод ва дугонаҳои арӯс мебошанд. «Гуларӯсак сар бишӯй», «Барор-барор», «Гуламро бурданд» ва ғайра аз ин ҷумла буда, дастаҷамъона суруда мешаванд. Чунончи дар таронаи «Барор-барор» омадааст: Ҳофизон:

Барор, бароруш, холае,
Зудтар бароруш, холае.

Сарбайтхон:

Сари дегдони баланд,
Бузғолабони очае.

Шаҳмардон:

Барор, бароруш, холае
Кай мебарориш, холае?!
Афтов гашт, нимрӯз шудай
Кай мебароруш, холае?!

Сарбайтхон:

Эй холаи нокорае,
Нуки зулфат марворие…

Ҳамин тариқ, ҷашни арӯсии тоҷикон дар ҳар як водӣ ва шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тарзу усули махсус барпо мегардад. Дар ҷашни арӯсӣ ва маросимҳои дохилии он як қатор анъана ва урфу одатҳое иҷро мегарданд, ки ҳар яки он ифодакунандаи фарҳанги асили тоҷикон мебошад. Аксарияти ин урфу одат ва оинҳо рамзомез иҷро мегарданд. Чунончи, амали шириничашонӣ дар таги чодар рамзи ширинии ҳаёти навхонадорон аст. Чарх задан гирди оташ – рамзи дур шудан аз ранҷу бало ва дигар анъанаву одатҳо барои тарбияи насли наврас дар рӯҳияи поктинатӣ ва арҷгузории суннатҳо баргузор мегарданд. Солҳои охир харҷу сарфи зиёди миёншикан дар меҳмондорию зиёфатҳо барои соҳибони тӯй мушкилоти зиёде ба бор оварда буд. Пас аз тасвиби «Қонун дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз соли 2007 ҷиҳатҳои сермасрафи ҷашни арӯсӣ ба чорчӯбаи назорат даромада, ба барпокунандагони тӯйи арӯсӣ сабукиҳо овард. Аммо анъанаҳои фарҳангӣ ва расму ойинҳои қадимаи миллии ҷашни арӯсии тоҷикон, ки ҷанбаҳои эстетикӣ ва тарбиявӣ дошта, бидуни харҷи моддию молиявӣ мебошанд, дар шакли пештараашон идома доранд.[1]

  • Аминов, А. Маросимҳои ҷашни арӯсӣ – бахши ҷудонашавандаи феҳристи миллии мероси фарҳанги ғайримоддӣ // Мероси фарҳангӣ ва ҳунарҳои мардумӣ: ҳифз ва эҳёи он / мураттиб
  • Х. Низомов. – Душанбе: Истеъдод, 2016. – С. 92–102.
  • Амонов, Р. Очерки эҷодиёти даҳанакии Кӯлоб: дар асоси материалҳои фолклори Сари Хосор. – Душанбе: Нашриёти АФҶШС Тоҷикистон, 1963.
  • Андреев М.С. Таджики долины Хуф (верховья Амударьи).Вып. 1. – Сталинабад, 1953.
  • Аҳмад, Р. Ҷойгоҳи маросим ва аъёди исломӣ дар фарҳанги мардуми тоҷик. – Теҳрон: Интишороти Ал–ҳудо, 1388 шаҳри – Боҳуруфи форсӣ.
  • Аҳмадов, Р. Наврӯзи хуҷастапай. – Душанбе: Ирфон, 2001.
  • Аҳмадов, Р. Фолклори маросимҳои мавсимии тоҷикони Осиёи Марказӣ. –Душанбе: Дониш, 2007.
  • Зеҳниева, Ф. Сурудҳои маросими тӯи тоҷикон. – Душанбе,1978.
  • Кисляков, Н. А. Семья и брак у таджиков. – М.–Л., Изд-воАН СССР, 1953.
  • Комилзода, Ш. Омӯзиш ва ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Тоҷикистон // Паёмномаи фарҳанг. – 2016. – №3 (35). – С.70–77.
  • Мардонова, А. Традиционная свадьба таджиков гиссарской долины. – Душанбе, 2002.
  • Неменова, Р. Л. Таджики Варзоба. – Душанбе, 1998.
  • Ҳазратқулов, М. Наврӯзи оламафрӯз ва дигар идҳои суннатии сол. – Душанбе: Эр–граф, 2012.
  • Шарифова, М. Маросимҳои тӯи арӯсии мардуми ноҳияи Мастчоҳ. – Душанбе, 2005.
  • Ҷумъаев, Р. Ҷашни арӯсии тоҷикони водии Ҳисор. – Душанбе, 2001.
  1. Мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Тоҷикистон / Мураттиб: Д. Раҳимов; муҳаррир Ш.Комилзода. – Душанбе: Эр-Граф, 2017. – С. 96-99. – 280 с.