Арӯсталбон
Арӯсталбон — навъе аз маросими таркиби ҷашни арӯсии тоҷикон ки баъд аз гузаштани як ҳафта, ѐ чанд моҳи маросими ҷашни арӯсӣ модари арӯс кулча, дастархон омода намуда, ҳамроҳи як зани дигар ба хонаи духтараш меояд. Модари домод зиѐфат ороста ҳамсоязанҳоро ба назди ӯ даъват менамод. Маросими арӯсталбон ва дар баъзе аз минтақаҳои ҷумҳурӣ ҳафтаталбон ном дорад, зеро модари арӯс духтарашро ҳамроҳи домод бори аввал баъди тӯяшон ба хонаи худ ба меҳмонӣ даъват менамояд.[1] [2]
Дар водии Ҳисор
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар Ҳисор баъд аз як ҳафта ё бештар аз тарафи волидайни арӯс ба хонаи домод шахсеро фиристода навхонадоронро ба хонаи падари арӯс даъват менамоянд. Барои ин маросим хонаводаи домод тайёрии махсус мебинад. Дастархонҳоро пур аз нону кулча, самбӯса, қанду шириниҳо ва ғайра карда ба роҳ мебароянд. Арӯсро модару хоҳар ва бонувони дигари наздики домод ҳамроҳӣ мекунанд. Домод бо падару бародарон ва тағою амакҳояш ҳамроҳ мебошад. Ҳангоми ба хонаи хусур расидан ба зери пойи домод пойандоз мепартоянд, ки пас аз гузаштани домод аз болои он ҷӯраҳо ва хешон пойандозро талош карда, байни худ тақсим карда мегиранд. Пойандоз бо нияти муборак ва нек шудани қадами домод ба ин хонадон густурда мешавад.
Дар водии Самарқанд
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар Самарқанд ин ойинро ба таври кӯтоҳ «талбон» мегӯянд. Дар аввал бибихалифа «Саломнома» мехонад, сипас занҳо доира навохта рақсу хурсандӣ мекунанд. Арӯсталбон маросими интиҳоии ҷашни арӯсии тоҷикон ба шумор меравад. Ҳадаф аз баргузории ин маросим шиносонидани домод ба хешовандони арӯс мебошад. Баъд аз ин навхонадорон озодона ба хонаи волидайни арӯс рафтуо мекунанд. Аз ин сабаб ин маросимро дар баъзе ҷойҳо «пешипокушоӣ» низ меноманд. [3]
Манобеъ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Феҳристи миллии намунаҳои мероси фарҳангии ғайримоддӣ./ Пажӯшиҳгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҶТ - Душанбе: "Ирфон", 2014, - С. 54
- ↑ ПИТФИ Феҳристи миллии намунаҳои мероси фарҳангии ғайримоддӣ (пайванди дастнорас)
- ↑ Донишномаи Ҳисор. - Душанбе: "Ирфон", 2015, - С. 133-134