Ҷаҳонигароӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Ҷаҳонигароӣ (форсӣ: جهانی‌گرایی‎), глобализм (англ. Globalism) — бовар ба бартарии нисбии мавқеъиятҳои ҷаҳонӣ нисбат ба мавқеъиятҳои маҳаллӣ.

Таърихчаи мафҳум[вироиш | вироиши манбаъ]

Консепсияҳои «навъи маданӣ-таърихӣ»-и Н. Данилевский, «маданияти баланд»-и О. Шпенглер, «тамаддуни маҳдуд»-и А. Тойнби, «системаи олии маданият»-и П. Сорокин, «намунаи маданият»-и А. Кребер дар маркази муносибатҳо ва рушди ҳамаҷонибаи онҳо қарор доштанд. Муносибати материалистӣ ба тамаддунҳо, ки К. Маркс ва М. Вебер иброз доштаанд, аҳаммияти хоссае пайдо намуд. Мактаби фаронсавии Анналҳо низ мақоми сазоворро касб кард. Дар ташаккули таълимот оид ба инкишофи глобалии олам методи маданию таърихӣ нақши муҳим бозид. Назарияи «бархӯрди тамаддунҳо»-и С. Хантингтон, таълимоти Ф. Фукуяма дар бораи ниҳояти таърих чун фаношавии гуногунии тамаддунҳо, аҳаммияти эвристикии принсипи муколамавӣ дар пешрафти равандҳои глобалӣ арзиши махсусро касб намуд. Тағйироти нави сайёравӣ дар сохтори арзишҳо (инқилоби глобалии шуур) ва падидаи этоси ҷаҳони глобалӣ нақши муҳим пайдо кард.

Илми классикии замони нав, ки дар кӯшишҳои инсоният баҳри расидан ба қуллаи ақлгароӣ, технология ва прогрессивизм таҷассум ёфтааст, чандон роҳи осону пешқадами инкишофи умумисайёравиро нишон надодааст. Диққати асосӣ ба инсон дода мешавад: инсон на танҳо меъёри баҳодиҳӣ ба ҳама чизҳои дигар, балки манбаъ ва қувваи ягонаест, ки муътадилии сиёсӣ ва инкишофи пешравро таъмин месозад. Ҳоло аксари тамаддунҳо, созмонҳо ва иттиҳодияҳои илмӣ арзишҳои сиёсиеро ҷонибдорӣ менамоянд, ки маҳсули тарзи тафаккур ва оламдарккунии маорифпарварӣ мебошад. Тамоми мазмуни маорифпарварӣ баҳри рушди инсон, озодӣ, ҳуқуқ, шаъну шараф ва хосиятҳои дигари шахсият ва ҷомеа нигаронида шудааст.

Инсоният дар асри 20 дарк намуд, ки ба авҷи баланди ақлгароӣ ва технологияи олӣ расидааст, эҳсос кард, ки пешрафташ бенуқсон ба амал наомадааст. Чунин маънӣ аз муносибатҳои байниҳамдигарии инсону ҷомеа ва табиат бармеояд. Инсон ҳар қадар қудрат дорад, табиатро барои хеш истифода менамояд, аммо набояд ба табиат чунин муносибатро раво дорад. Ба табиат чун ба ибодатгоҳ бояд муносибат намуд. Пешрафти техникӣ ва истифодаи нооқилона аз он фазои табиатро холӣ мегардонад. Фазои холии табиат ба фазои холии инсон мепайвандад. Аз ин хотир, инсоният баҳри дифои хеш бояд рӯ ҷониби кашфи ахлоқи нави глобалӣ орад. Қоидаҳо ва меъёрҳои арзишии ахлоқие, ки қудрати мавзун гардонидани муносибатҳои байниҳамдигарии ҷомеаи инсонӣ ва табиатро дошта бошанд, бояд ҳамчун заминаи боэътимоди ахлоқи нави глобалӣ гарданд. Тасаввурот дар бораи низоми ягонаи олам ва самтҳои асосии ташаккули он таърихи тӯлонӣ дорад. Таълимот ва назарияҳои гуногун оид ба масъалаи мазкур қариб дар ҳамаи давру замонҳо вомехӯранд. Аммо асри 20 дар ин масъала пешсаф аст. Яке аз таълимоти комиле, ки солҳои 30 асри 20 баён ёфтааст, ба Ю. Стэйли тааллуқ дорад. Ӯ ғояи интегратсияи иқтисодии мамлакатҳо ва таъсири мутақобилу ба ҳам вобаста будани онҳоро пешниҳод намуда буд. Аммо муҳаққиқ муносибатҳои сиёсии ҷомеаро ҳамчун монеаи ташаккули фазои яклухти инкишофи ҷомеаи ҷаҳонӣ медонист. Инкишофи сиёсии давлатҳо, сиёсати экспансионии давлатҳои муқтадир ба он монеъ мегардид. Бинобар ин, барои ҳалли масъала Ю. Стэйли пешниҳод намуда буд, ки тавассути ташаккул ва инкишофи созмони доимии иқтисодӣ метавон таъсири монеавии омилҳои сиёсиро паст намуд. Созмони иқтисодӣ, ки дар баробари гурӯҳҳои иқтисодӣ созмонҳои сиёсӣ – ҳукуматҳои миллиро низ дар бар мегирифт, дар роҳи муқаррар намудани муносибатҳои байни давлатҳо ва муколамаи созмонҳои сиёсӣ саҳм мегирифт. Албатта, ҳадафи асосии ташкилоти иқтисодӣ – ташаккули бозори байналмилалӣ дар ҳеч сурат сарфи назар намегардад.

Муҳаққиқони дигар низ ба ин маънӣ ибрози назар намуда буданд. Чунончи, А. Тойнби, соли 1947 оид ба ташаккули иттиҳоди сиёсии олам андеша меронд. Яке аз тарҳҳои нави олам дар заминаи назари Я. Тинберген ташаккул ёфтааст. Асари «Бозсозии низоми байналмилалӣ» зарурати амалӣ намудани тағйироти умумиро дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ асоснок мекард. Мақсад ташаккули низоми нави иҷтимоию иқтисодии олам буд, ки дар он ҳар як шахс мақоми махсус дошта, тамоми кӯшишҳо барои қонеъ гардонидани талаботу манфиатҳои ӯ равона хоҳанд шуд. Тинберген воситаи асосии таъмини ҳаёти арзанда ва некуаҳволии одамонро дар муҳайё намудани баробарии имконоти одамон новобаста ба давлатҳои миллӣ ё сатҳи байналмилалӣ мешуморад. Аммо дар ояндаи наздику дур низ чунин баробарии имконотро ба одамон пешниҳод намудан осон нест, зеро мамлакатҳо ва халқҳо сатҳи гуногуни инкишофро аз сар мегузаронанд. Бе заминаи моддӣ эълон намудани шиори либералии «баробарии имконот» новобаста ба макон ва замон аз ҳақиқат дур аст. Ин гуна ғояҳо ё таълимоте, ки асосҳо ва заминаҳои воқеӣ надоранд, кам нестанд.

Назарияи «Мақсадҳо барои инсоният» ташаккули низоми нави ҷаҳониро дар заминаи арзишҳои адолатнокӣ тақозо дорад. Он ба ғояи «инкишофи мавзуни тамоми ҷомеа, ки ахлоқи нави гуманистӣ ва ҳамраъйии байниҳамдигариро ба роҳбарӣ мегирад», асос ёфтааст.

Ғояи марказии низоми нави олам дар ҳар сурат мавриди баҳс ва раддия қарор додани истиқлоли миллии давлатҳо мебошад. Баъзан, ҳатто аз ғоя ва принсипи истиқлоли миллӣ даст мекашанд. Истиқлоли миллии давлатҳоро ҳамчун ҳимояи манфиатҳои маҳдуди миллию давлатӣ бар зарари манфиатҳои стратегии инсоният маънидод менамоянд. Чунонки дар маърӯзаи Клуби румӣ омадааст, дар ҳолате ки давлатҳои муқтадир миқдори зиёди яроқи қатли омро гирд овардаанд, пурқувват гаштани ҳокимияти давлатҳои миллӣ барои тамоми инсоният хатарбор ва фоҷиаовар аст. Аз ин ҷост, ки А. Долмен бекор кардани низоми моликияти миллиро пешниҳод намуд ва онро ҳамчун захираҳо дар ҳудудҳои давлатӣ дониста, моликияти умумӣ шудани захираҳоро беҳтар меҳисобад. Мавҷудияти моликияти миллӣ ҳамчун манбаъ ва омили асосии зиддиятҳову муқовиматҳои байни халқҳо ва давлатҳо дониста мешавад. Ба андешаи Я. Тинберген, дар давраҳои наздиктарин истиқлоли давлатӣ нисбат ба захираҳои ҷонӣ ва табиии ҳудудҳо дар зери таъсири ниҳодҳои байналмилалӣ боқӣ мемонад. Аммо онро муҳаққиқ ҳамчун маънидоднамоии на ҳудудӣ, балки функсионалӣ ва дар заминаи мақсадҳои муайян воқеӣ медонад. Умуман, Я. Тинберген истиқлоли миллии давлатҳоро рад намуда, трансформатсияи тамоми захираҳои оламро дар заминаи принсипи «мероси умумии инсоният» шарҳ медиҳад ва истиқлоли сайёравиро, ки тавассути фаъолияти ниҳодҳои байналмилалӣ воқеӣ мешавад, тавсиф менамояд.

Ҷаҳонигароиӣро ҳамчун таълимоти олами муосир, асосан, Р. Робертсон (Globality, Global Culture, and Images of WorId Order // Social Change and Modernity. Berkeley. 1992), Най Ҷ. Кохэн Р. (Транснациональные отношения и мировая политика// Теория международных отношений: Хрестоматия/ Составитель П. А. Цыганков. М., 2002), З. Бауман (The Human Conseguences, Cambridge. 1998; Глобализация: Последствие для человека и общества. М., 2004), У. Бек (Общество риска: На пути к другому модерну. М., 2000), И. Валлерстайн (Unthinking Social Sience: the Limits of Nineteenth Century Paradigms. Cambridge. 1991; Анализ мировых систем и ситуация в современном мире. СПб, 2001), Р. Кохэн (International Institutions: Can Indenendence Work? // Foreign Police, 1998, Spring. № 110), Э. Гидденс (Социология: учебник 90-х годов. М., 1991) таҳқиқ карданд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Бестужев-Лада, И. В. Альтернативная цивилизация. М., 1998;
  • Барлыбаев Х. А. Общая теория глобализации и устойчивого развития. М., 2002;
  • Ильинский, И. М. XX век: кризис понимания. М., 2002;
  • Тураев В. А. Глобальные вызовы человечеству. М., 2002;
  • Делягин М. Г. Мировой кризис: Общая теория глобализации. М., 2003;
  • Глобализация и столкновение идентичностей. М., 2003;
  • Фишер Г. Глобализация мирохозяйственных связей. М., 2003;
  • Бауман 3. Глобализация. Последствия для человечества и общества. М., 2004;
  • Робертсон, Р., Дискурсы о глобализации: предварительные размышления. Ч. 1. М., 2004;
  • Чумаков, А. Н. Глобализация. Контуры целостного мира. М., 2005;
  • Friedman Th. Understanding Globalization. The Lexus and the Olive Tree. N.Y., 2000;
  • Hirst P. and. Thomson G. Globalization. Cambridge, 2005.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]