Jump to content

Ҷаҳонишудани иқтисодӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Ҷаҳонишудани иқтисодӣ (англ. Economic globalization) — ҷараёне, ки иқтисоди ҷаҳонро ба як низоми ягона мубаддал мегардонад.

Истилоҳи ҷаҳонишудан ба иқтисодиёти ҷаҳон аз миёнаи солҳои 80 асри 20 ворид гардид. Ин ҷараёнро дар иқтисодиёти ҷаҳон идомаи мантиқии раванди байналмилалӣ (интернатсионализатсия) ва фаромиллишавӣ (транснатсионализатсия) шарҳ медиҳанд. Тафовути ин раванд аз равандҳои қаблӣ дар он аст, ки дар он ҳамаи масъалаҳои ҳаёти ҷаҳони муосир мавриди ҳаллу фасл қарор дода шуда, тамоми монеаҳо ва сарҳадҳои ҳамлу нақли молу хадамот, иттилоот, сармоя, қувваи корӣ дар миёни мамолики ҷаҳони муосир аз байн бардошта мешаванд. Яке аз нишонаҳои он ба таври муштарак фаъолияти худро ба роҳ мондани созмонҳои байналмилалӣ мебошад. Ҷаҳонишудани иқтисодӣ ташкили фазои ягонаи байналмилалии иқтисодӣ, ҳуқуқӣ, фарҳангӣ ва иттилоотиро дар ҷаҳон пешбинӣ карда, нақши назаррасро дар пешрафти иқтисоди ҷаҳон иҷро хоҳад намуд. Аксарияти олимон бар он назаранд, ки омили асосии суръат пайдо кардани раванди ҷаҳонишудани иқтисодӣ рушди тиҷорати байналмилалӣ мебошад. Дар ин раванд, рушди тиҷорати ҷаҳонӣ ба суръати тоза пайдо кардани маблағгузориҳо мусоидат мекунад. Лекин аз нигоҳи зиддиҷаҳонишавӣ (антиглобализатсия) ин раванд натиҷаҳои манфӣ дошта, ба нестшавии миллат, фарҳанг ва ҳатто давлат мерасонад.

  • Глобализация: контуры XXI века. М., 2004;
  • Глобализация и афро-азиатский мир. Методология и теория. М., 2007;
  • Эйфарм А. К., Манцев В. В. Глобализация и развивающиеся страны. СПб., 2007;
  • Мегаполисы в условиях глобализации. СПб., 2008;
  • Аллахвердян А. Г. Наука в условиях глобализации. М., 2009;
  • Татьяна Щорс. Общественная информация ООН в условиях глобализации. СПб., 2009;
  • Взаимодействие культур в условиях глобализации. СПб., 2010;
  • Региональное развитие и вызовы глобализации. СПб., 2010;
  • Хоминич И. П., Саввина О. В. Государственный кредит в условиях финансовой глобализации. М., 2010.