Ҷаҳон Азонов
Таърихи таваллуд | 25 январ 1951 (73 сол) |
---|---|
Зодгоҳ | деҳаи Лоҳур, ноҳияи Данғара |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои тиб |
Ҷоизаҳо |
Корманди шоистаи Тоҷикистон (2002) |
Ҷаҳон Азонов (тав. 25 январи соли 1951, деҳаи Лоҳур, ноҳияи Данғара) — дорушинос, доктори илмҳои тиб (1995). Корманди шоистаи Тоҷикистон (2002).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Хатмкардаи Омӯзишгоҳи тиббии Кӯлоб (1969) ва Институти давлатии тиббии Тоҷикистон (ИДДТ) ба номи Абуалӣ ибни Синоро хатм кардааст (1979). Мудири бунгоҳи тиббии деҳаи Лоҳури ноҳияи Данғара (1969 – 1973), ассистенти кафедраи таърихи тиб ва гигиенаи иҷтимоии ИДТТ, аспирант, ходими хурд ва калони илмӣ, мудири шуъбаи патофизиология ва фармакотерапияи Институти гастроэнтерологияи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон (1979 – 1999). Аз соли 1999 сарвари Институти давлатии «Ғизо».
Фаъолияти илмӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Азонов муаллифи 3 монография, 60 мақолаи илмӣ ва зиёда аз 30 мақолаи илмию оммавӣ мебошад. Дар асоси корҳои илмии Азонов дар ҳамкорӣ бо заводи дорусозии Санкт-Петербург доруҳои «Геранол», «Гераноретинол», «Суғд», ки хосиятҳои талхаронӣ, зидди илтиҳобӣ ва зидди ташаннуҷӣ доранд, истеҳсол карда шудаанд. Раиси Кумитаи фармакологии назди Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Бо медали «Барои меҳнати шоён» (1979) сарфароз гаштааст.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Лечебные свойства препаратов селена, Д., 2009;
- Рустаниҳои шифобахш ва ғизоӣ, Д., 2010.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.