Ҷаҳон Зиёев
Ҷаҳон Шафиевич Зиёев | |
Таърихи таваллуд | 15 январ 1938 (86 сол) |
Зодгоҳ | ноҳияи Самарқанд |
Маҳалли даргузашт | Душанбе |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | гидрогеология |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илм |
Унвонҳои илмӣ | дотсент |
Алма-матер | Донишгоҳи миллии Тоҷикистон |
Ҷаҳон Шафиевич Зиёев (15 январи 1938, ноҳияи Тайлоқ, вилояти Самарқанд) — инженер-гидролог, омӯзгор, номзади илми гидрогеология (2019). Корманди Шоистаи Тоҷикистон. (1998).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҷаҳон Шафиевич Зиёев дар Омўз. пед. Тоҷикистон. Самарқанд таҳсил кардааст (1953-57). Муал. забони Тоҷикистон. синфҳои ибтидоӣ (1957), муд. мак. ба номи Н. Н. Наримонови н. Мироқи (Китоби) вил. Қашқадарё (1958). Пас адои хидмати ҳарбӣ дар сафи Арм. Сов. (1958-60) дар фак. геол. УДТ ба номи В. И. Ленин (ҳоло — ДМТ) таҳсил намудааст (1962-67). Инж.-гидрогеологи ИТИ иктишофи геол. нафти (ВНИГНИ) Душанбе (1967-69), асп. каф. геологияи кашфи конҳо, ассис. каф. гидрология ва геол. инж.-рӣ, ассис. каф. геол. фак. геол. УДТ (1969-72), ход калони илмии ИТИ ва Ин.-ути лоиқакашии Осиёи Миёна (СредазНИПИ)-и саноати нафти Душанбе (1974-79). Дар ин муддат шабона Мак. партиявии назди КМ ПК Тоҷикистон.-ро хатм намуда, соҳиби дипломи лектори байналхалқӣ гаштааст. Муал., раиси озоди (маошхўри) Ком. касабаи Техн. геол. Тоҷикистон. (1980-85), кот. масъули КМ ит. касабаи геол. Тоҷикистон. (1986-89), сардори шуъбаи обҳои зеризаминӣ, муовини сардори бозрасии истифода ва ҳифзи оби Ком. ҳифзи муҳити зисти назди Ҳук. Тоҷикистон. шуда кор кардааст (1989—2008). Аз с. 2008 — муал. калони каф. геол. ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданоки ДМТ. С. 2019 дар мавзӯи «Гидрогеологические особенности нефтегазовых месторождений и оценка нефтогазоносности площадей Таджикистана» рисолаи номз дифоъ кардааст. Дорандаи шаҳодатномаи патентии «Зарари олудашавӣ ва хушкидани захираҳои об» (2008). Муаллифи як барномаи таълимӣ оид ба экология барои донишгоҳи такмили ихтисоси ДМТ, 2 дастурамали таълимӣ аз фанни геол. ва мониторинги экологӣ, 5 кит. дарсӣ аз фанни геоэкология, қариб 30 мақолаи илмию таълимӣ, саволҳои тестӣ, барномаҳои кории панҳ фанни дарси силабус ва ғ. Бо чандин Ифтихорномаи Фахрӣ ва Сипосномаи соҳавӣ мукофотонида шудааст.[1]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Аз асл ба насл. — Душанбе, 2019. — 215 с.(тоҷ.). ISBN 978-99947-958-2-6