Ҷебел Шаммар
Ҷебел Шаммар | |||||||
| |||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|
| |||||||
Пойтахт | Ha'il[d] | ||||||
Забон(ҳо) | арабӣ | ||||||
Шакли ҳукмронӣ | Динсолорӣ ва подшоҳии мутлақ[d] | ||||||
Аморати Ҷебел Шаммар — давлат-аморат, ки аз 1830 то 1921 дар нимҷазираи Араб вуҷуд дошт. Пойтахт — шаҳри Ҳайл.
Пас аз с. 1818 мисриҳо Аморати Диръияи саудиҳоро шикаст доданд. Дар аморати Ҷебел Шаммар, ки вобастаи Саудӣ буд, мубориза барои қудрат байни авлодҳои Ал-Алӣ ва Ал-Рашид оғоз ёфт.
Дар соли 1835 бародарон Абдуллоҳ ва Убайд аз қабилаи Ал-Рашид дар Ҷебел Шаммар қудратро ба даст гирифтанд ва амир Солеҳ ибни Абдулмуҳсинро куштанд. Ҳамзамон, бародарон худро вассали амири Саудӣ Файсали I эътироф карданд, ки ба онҳо дар мубориза барои қудрат кумак кардааст.
Давраи ҳукмронии Амир Муҳаммад I (1872-1897) давраи авҷи Ҷебел Шаммар ва замони бузургтарин қудрати авлоди Рашид буд. Дар моҳи январи соли 1891 Муҳаммад I Риёзро забт кард , ки дар он ҷо Абдурраҳмон ибни Файсал ал Сауд бар зидди ӯ исён бардошт. Пас аз он, Муҳаммад ал-Рашид худро ҳамчун ҳокими бешубҳа дар Арабистони Марказӣ муаррифӣ кард.
Пас аз вафоти Муҳаммади I дар соли 1897, таназзули давлати Рашидиён оғоз ёфт. Соли 1902 шоҳзодаи саудӣ Абдулазиз Риёзро ишғол кард ва давлати Ваҳҳобиро барқарор кард. Муборизаи тӯлонӣ барои ҳукмронӣ дар Арабистон байни саудиҳо ва рашидиён оғоз ёфт. Дар моҳи апрели соли 1906 мир Абдулазиз ар-Рашид дар Қосим пурра мағлуб шуд ва дар ҷанг ҷон дод. Амири нав писари калонии ӯ Митоби II ибни Абдулазиз буд, ки бо саудиҳо сулҳ баста, ҳама ғалабаҳои онҳоро дар ҷануби Қосим эътироф карда буд.
Дар Ҷанги Якуми Ҷаҳонӣ давлат дар паҳлӯи қудратҳои марказӣ буд.
Рӯйхати амирони Ҷебел Шаммар
[вироиш | вироиши манбаъ]- Солеҳ ибни Абдулмуҳсин Ал-Алӣ (1818—1835)
- Абдуллоҳ ибни Алӣ ал-Рашид (1835—1837, 1837—1847)
- Исо ибни Убайдуллоҳ Алӣ (1837—1837)
- Талал ибн Абдуллоҳ ал-Рашид (1847—1868)
- Митаб ибн Абдуллоҳ ал-Рашид (1868)
- Бандар ибн Талал ал-Рашид (1868—1872)
- Муҳаммад ибн Абдуллоҳ ал-Рашид (1872—1897)
- Абдулазиз ибн Митоб ал—Рашид (1897—1906)
- Митаб ибни Абдулазиз Ал-Рашид (1906)
- Султон ибни Ҳамуд ибни Митоб Ал-Рашид (1906—1908)
- Сауд ибни Ҳамуд ибни Митаб Ал-Рашид (1908—1909)
- Сауд ибни Абдулазиз Ал-Рашид (1909—1920)
- Абдуллоҳ ибни Митоб ибни Абдулазиз Ал-Рашид (1920—1921)
- Муҳаммад ибн Талал ибн Митаб ал-Рашид (1921—1954)
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Васильев А. М. История Саудовской Аравии от середины XVIII века до конца XX века. — М., 1994.