Jump to content

Ҷиноят дар парлумон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Ҷиноят дар парлумон — дар мамлакатҳои хориҷӣ оид ба ин масъала ду ақида мавҷуд аст. Дар гурӯҳи аввал тафовути ҳуқуқии байни ҷинояти дар парлумон содиршуда ва дигар дар мақомоти давлатӣ содиршуда гузошта намешавад. Парлумон махсус ҳимоя намегардад, вале он қисми таркибии олоти давлатӣ дониста мешавад. Дар дигар мамлакатҳо ҷиноятҳои дар парлумон содиршуда фарқ кунонида шуда (Канада, ИМА, Ирландия, Япония, Норвегия), парлумон барои ҳифзи худ меъёрҳо муқаррар мекунад. Ин гуна ҷиноятҳо одатан ҳамчун «сӯиқасд ба имтиёзҳои парлумон» ё «таҳкири парлумон» дониста мешаванд. Чунин кирдорҳо ҳамчун ҷиноят донисга мешаванд: ҳучум ба парлумон; ташвиш додан; муомилаи дағалона ё таҳкир кардани аъзо ё хизматчиёни парлумон дар вақти иҷрои вазифаҳои онҳо; ришва додан ба аъзои парлумон, итоат накардан ба парлумон ва комиссияҳои он (масалан, ба даъвати комнссияи тафтишотбаранда ё ба комиссияи доимй ҳозир нашудан); вайрон кардани тартиб, ки ба мубоҳисаҳо дар палата монеъ мегардад; таҳқири шифоҳй ё хаттии парлумон ва аъзои он; кӯшиши таъсиррасонӣ ба овоздиҳӣ бо роҳи мавқеи худро бор кардан ва ё таҳдидкунӣ; гувоҳии бардурӯг дар парлумон е дар кумитаю комиссияҳои он; истифодаи қувва ё таҳдид барон хотима гузоштан ба ҷаласаҳои он ва ғайра. Ба ин номгӯй боз меъёрҳои махсусеро илова кардан мумкин аст, ки барои ғайриқонунӣ мудохкла кардани ҳокимияти иҷроия ба фаъолияти парлумон пешбинӣ шудаанд. Дар он мамлакагҳое, ки меъёрҳои махсус барои ҷиноят дар парлумон пешбинӣ нашудаанд, гуиаҳкор аз тарафи суди умумй ба монанди ҳар як кирдори дигар ҷазо мегирад. Дар қонунгузории конститутсионии ҶТ дар хусуси ҷиноят дар парлумон меъёри махсус ҷой надорад.[1]

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. — Душанбе: ЭР-граф, 2009. — с. 557