Ҷинсият

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Ҷинсият (форсӣ: جنسیت‎), ге́ндер (англ. gender, аз лот. genus «ҷинс») — мафҳумест, ки бо маъниҳои мухталиф ҳамчун ифодагари ҷинс (ҷинсиятро ғолибон ба зан иртибот медиҳанд) ва ҷинси «иҷтимоӣ» ба кор бурда мешавад.

Мафҳум[вироиш | вироиши манбаъ]

Мафҳуми ҷинсият солҳои 80 садаи XX ҳамчун асоси консепсияи хонаводагӣ пайдо шуда, дар сароғози фаъолияти худ мақсад гузошта буд, то дар забон маҷмӯи қоидаҳоеро таҳким бахшад, ки вижагиҳои иҷтимоии ҷинсҳо аз рӯйи шароитҳои таърихию фарҳангию мардумӣ муайян карда шаванд ва маҳдудкунии ҳуқуқи занон, имконоти нобаробари расидан ба ҳокимият ва дигар манобеи иҷтимоиро таъкид кунад. Мафҳуми ҷинсият бори аввал дар доираи кишварҳои ИДМ дар маҷмӯаи «Женщины и социальная политика» («Занон ва сиёсати иҷтимоӣ») истифода шудааст. Ҷомеашиносии муосир мафҳуми ҷинс ва ҷинсиятро фарқ мекунад. Мафҳуми ҷинс хусусиятҳои анатомию физиологиро, ки одамонро чун мардону занон аз ҳам ҷудо мекунанд, дар бар мегирад. Ғайр аз тафовутҳои биологӣ дар байни одамон дар тақсими нақшҳои иҷтимоӣ, шаклҳои фаъолият, хусусиятҳои рафтор ва эҳсосот тафовут вуҷуд дорад. Антропологҳо, мардумшиносон ва муаррихон кайҳо нисбӣ будани тасаввуротро дар бораи кору рафтори «хосси занон» ва «хосси мардон» муқаррар намудаанд: ҳар чизе, ки дар як ҷомеа мардона (рафтор, хислат) ба шумор меравад, дар ҷомеаи дигар метавонад ба занон нисбат дода шавад. Гуногунии тавсифоти иҷтимоии занону мардон ва умумияти тавсифоти биологии онҳо хулосаеро ҳосил мекунад, ки ҷинси биологӣ наметавонад сабабгори тафовути нақшҳои иҷтимоии занонону мардон дар ҷомеаҳои гуногун бошад. Ҷинси биологӣ, маъмулан, замина ва сабаби асосии фарқияти равонӣ ва иҷтимоии байни мардону занон ба шумор меравад. Дар ҷараёни инкишофи илмҳо маълум гардид, ки аз нуқтаи назари биологӣ умумияти занону мардон нисбат ба тафовуташон бештар аст. Назарияи ҷинсият шарҳ медиҳад, ки дар ниҳояти кор хусусиятҳои равонӣ, тарзи рафтор, шаклҳои фаъолият ва касбу кори мардону занонро на ҷинси биологӣ, балки меъёрҳои иҷтимоию фарҳангӣ муайян менамоянд. Дар ҷамъият мард ё зан будан на танҳо маънои дорои ин ё он хусусияти анатомӣ будан, балки маънои иҷро намудани ин ё он нақши ҷинсиятии барои ҳар кадоми мо муқарраршударо дорад.

Ҷинсият аз тарафи ҷамъият чун қолаби иҷтимоии занону мардон, ки мавқеъ ва нақши онҳоро дар ҷомеа ва сохторҳои он (оила, сиёсат, иқтисодиёт, фарҳанг, маориф ва ғайра) муайян менамояд, ба вуҷуд оварда мешавад. Низомҳои ҷинсиятӣ дар ҷомеаҳои гуногун фарқ мекунанд, вале дар ҳамаи ин ҷомеаҳо мутобиқи ин низомҳо мардон ва ҳама чизи ба онҳо мутааллиқ (касбу кор, хислату рафтор ва ғайра) муҳим ва пешбар ба шумор рафта, ҳама чизи занона аз дидгоҳи иҷтимоӣ дуюмдараҷа, ночиз ва тобеъ маҳсуб мешавад. Моҳияти асосии муносибати ҷинсиятӣ омӯзиш ва аз байн бурдани зиддиятҳои мавҷудаи ҷинсҳо мебошад. Ҳамин тариқ, мафҳуми ҷинсият ҷараёни мураккаби ташаккулёбии фарқи нақшҳои занону мардон, рафтор, тавсифи менталиву эҳсосӣ, инчунин маҳсули ин ҷараён — ба ҳам зид гузоштани хусусиятҳои «мардона» ва «занона» ва тобеъ намудани ҳар як падидаи «мардона» ба «занона»-ро ифода мекунад. Дар ин замина падидаи номатлубе бо номи «мизогиния»(«занбадбинӣ») ба вуҷуд омад, ки дар он муносибати таҳқиромез ва нафрати беандозаи мардон ба тамоми ҷинси зан ифода меёфт. Падидаи дигар «минзандрия» («мардбадбинӣ») ном дошт, ки моҳияти онро мансубдонии тамоми хислатҳои манфӣ ба мардон ташкил медод.

Яке аз усулҳои асосии бартараф кардани қолабҳои ҷинсиятӣ таҳкими шуури ҷинсиятӣ мебошад. Инсон аз давраи ба дунё омадан мавриди таъсири низоми ҷинсиятӣ қарор мегирад. Дар ҷомеаҳои анъанавӣ вобаста ба ҷинси навзод урфу одатҳои гуногун, аз қабили ранги либос, ароба, бозичаҳо риоя мегарданд. Таҳқиқот нишон медиҳанд, ки ба писарбачаҳои навзод бештар хӯрок медиҳанд, вале бо духтарчаҳо зиёдтар гап мезананд. Дар рафти тарбия оила (дар симои падару модар ва хешу табор), низоми таҳсил (дар симои мураббиёни боғчаҳо ва муаллимон), фарҳанг ба таври умумӣ (тавассути адабиёт ва васоити ахбори омма) ба зеҳни кӯдакон меъёрҳои ҷинсиятиро ҷой карда, қоидаҳои муайяни рафторро ташаккул медиҳанд ва тасаввуротро дар бораи «марди ҳақиқӣ» ва «зани ҳақиқӣ» ба вуҷуд меоваранд. Назарияи муосири ҷинсият мавҷудияти ин ё он тафовутҳои биологию иҷтимоӣ ва равонии байни занону мардонро инкор намекунад, вале он бар чунин ақида аст, ки худи тафовутҳо чандон муҳим набуда, балки баҳову тафсири иҷтимоию фарҳангии онҳо ва бунёди сохтори ҳокимият дар заминаи ин тафовутҳо муҳим мебошад. Моҳияти иҷтимоии ҷинсиятро адолати гендерӣ, баробарии гендерӣ ва баробарҳуқуқии гендерӣ ташкил медиҳанд, ки тавассути онҳо риояи адолат дар татбиқи ҷараёни инкишофи нақшҳои гендерӣ, дастрасии захираву неъматҳо барои ҳар ду ҷинс ва баробарии онҳо дар назди қонун таъмин карда мешавад.

Омӯзиш[вироиш | вироиши манбаъ]

Омӯзишҳои гендерӣ муайян намуданд, ки баробарии марду зан маънои яксон будани онҳоро надорад, зеро онҳо аз лиҳози ҷинсию равонӣ аз якдигар тафовутҳо доранд ва ҷомеа бояд муносибаташро ба ҳар ду ҷинс бо дар назар доштани онҳо ба роҳ монад. Барои ба вуҷуд овардани шароити якхела баҳри инкишофу татбиқи имконоти шахс дар ҳамаи ҷабҳаҳои иҷтимоӣ новобаста аз мансубияти ҷинсӣ сиёсати гендерии давлатӣ зарур аст. Стратегияи сиёсати гендерӣ мақсади иваз кардани сиёсати анъанавиро надорад, балки ҳамчун илова ба он дар назар дошта мешавад ва манфиатҳои занонро чун гурӯҳи махсуси иҷтимоиву демографӣ ҳимоя мекунад. Ҳаракати гендерӣ дар ибтидо ба хотири расидан ба мувозинати иҷтимоии ҷинсҳо дар ҷомеа арзи вуҷуд карда буд, вале тадриҷан доираи одамон (гурӯҳҳо)-е, ки сиёсати гендерӣ ба онҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд, хеле васеъ шуд. Ҳоло ҳамаи қишрҳои дар шароити муайян осебпазир ва онҳое, ки худро ҳимоя карда наметавонанд: занон, кӯдакон, пирсолон, маъюбон, гурезаҳо, муҳоҷирони меҳнатӣ ва оилаҳои онҳо, гирифторони бемориҳои ВИЧ/СПИД ва дигар бемориҳое, ки боиси аз ҷомеа дур шудани гирифторони он мегарданд (мас., сил), аскарон, маҳбусон ва ғ. аз ҷониби фаъолони ин ҳаракат мавриди омӯзиш ва дастгирӣ қарор мегиранд. Гендер ва инкишоф — муносибате, ки аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ бар ивази муносибати «зан дар инкишоф» пазируфта шудааст. Вижагии ин тарзи муносибат дар он аст, ки диққати хосро аз занон ҳамчун гурӯҳи алоҳида ба муносибатҳои иҷтимоии байни занону мардон равона мекунад. Муносибати «ҷинсият ва инкишоф» ба неруҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ равона шуда, ширкат ва назорати гуногуни мардону занонро бар захираҳо ва фаъолияти лоиҳаҳои инкишоф муайян менамояд. Тибқи ин муносибат лоиҳаву барномаҳо дар заминаи баррасии нақши занону мардон барои вусъати имконоти занон нисбат ба мардон бояд тарзе ба роҳ монда шавад, ки ҳам барои занону мардон ва ҳам барои ҷомеа манфиатбахш бошад.

Дар Тоҷикистон[вироиш | вироиши манбаъ]

Омӯзиши ҷинсият ва масоили он дар Тоҷикистон танҳо дар солҳои охир ба роҳ монда шуд, чунки пажӯҳишҳои ҷинсиятии дар заминаи таҳқиқоти феномистии солҳои 60 садаи XX дар Ғарб анҷомёфта танҳо дар охири садаи XX ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, ворид гардиданд. Дар даврони сотсиализми Шӯравӣ занон аз лиҳози ҳифзи ҳуқуқ, имконоти таҳсил, расидан ба истиқлоли иқтисодӣ ва ғ. дастовардҳои зиёд доштанд. Маҳз дар ҳамин давра шахсиятҳои маъруфе аз сафи занони тоҷик дар арсаҳои гуногуни ҷомеа, аз ҷумла сиёсат, ба майдон омада, баробар бо мардон дар пешрафти умури кишвар саҳм гузоштанд. Аммо ба таври умум дар Тоҷикистон (ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ) пиромуни баробарии асили ҷинсиятӣ сухан рондан зуд буд. Солҳои 80 садаи XX агарчи 33 дарсади намояндагони Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон аз шумори занон буд, аммо ин намояндагии зоҳирӣ буд ва онҳо дар сиёсати давлат саҳми чашмрас надоштанд. Амалан занон дар ҷомеа корҳои пурмашаққату камдаромадро дар шароити вазнин иҷро мекарданд, бахусус дар санъати кишоварзӣ (кори тамокуву пахта). Ҳамчунин нафақаву имтиёзҳои серфарзандӣ занонро водор ба зойимони ҳарсола мекард, ки ночор ба кори бемаоши хона пойбанд мешуданд ва саломатии худу наслашонро зери хатар мегузоштанд. Ҳукумати Тоҷикистон, баъди расидан ба истиқлоли миллӣ, тайи чанд соли охир баҳри рафъи мушкилоти ҷинсиятӣ кӯшиши зиёд ба харҷ додааст. Соли 1993 Конвенсия дар бораи барҳам додани ҳар навъ табъиз дар баробари занон (CEDAW) ба тасвиб расонида шуд. Соли 2000 Протоколи факултативии ҳамин Конвенсия имзо гардид. Барои иҷрои ин асноди расмӣ чанд санади дигари муҳим ба тасвиб расид: Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» (1999), «Нақшаи миллии амалиёт оид ба баланд бардоштани мақом ва нақши занон барои солҳои 1998—2000», Барномаи давлатии «Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ барои таъмини ҳуқуқ ва имконоти баробари мардону занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», қонун «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо» (2005). Барои татбиқи асноди мазкур сохторҳои масъули ҷомеа — мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва ғайриҳукуматӣ корҳои зиёдеро ба анҷом мерасонанд. Пажӯҳишҳои ҷинсиятие, ки дар дигар кишварҳо сурат гирифтаанд, нишон медиҳад, ки ҷомеа ба чунин донишҳо ниёз дорад. Дар бисёр мамлакатҳо курсҳои ҷинсиятӣ ба барномаҳои таълимии мактабҳои олӣ ва миёна дохил карда шудаанд. Дар Тоҷикистон ҳам ин раванд оғоз ёфта, чандин пажӯҳиши хуби илмӣ, китобҳои дарсӣ, дастурҳои методӣ ва коршиносони ин соҳа ба миён омадаанд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Материалы первой летней школы по женским и гендерным исследованиям. М., 1997;
  • Уэсит К., Зиммерман Д. Создание гендера// Гендерные тетрады. СПб., 1998;
  • Гендерное отношения. Национальный отчёт. ПРООН. Таджикистан. Д., 1999;
  • Гендерный глосарий. ЮНИФЕМ. Алмаата, 2000;
  • Словарь гендерных терминов / Под ред. А. А. Денисовой. М., 2002;
  • Таджикистан на пути к гендерному равенству /Под ред. З. Хоткиной и ҷинсият Рабиевой. Д., 2003; Вожаномаи истилоҳоти гендерӣ. Д., 2005;
  • Қодиров Қ. Б. Давлатов М. Т., Расулов С. Х. Вожаномаи тафсирии истилоҳоти психологӣ ва педагогӣ. Д., 2008.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]