Ҷиорҷио Вазари

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷиорҷио Вазари
итол. Giorgio Vasari
Сурат
Ном ҳангоми таваллуд англ. Giorgio II Vasari
Таърихи таваллуд 30 июл 1511[1][2][3][…]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 27 июн 1574[2][3][4] (62 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Пеша рассом, меъмор, ҳунаршинос, нависанда, зиндагиноманавис, art theorist, aesthetician, architectural draftsperson
Падар Antonio Vasari[d]
Модар Maddalena Tacci[d]
Ҳамсар Niccolosa Bacci[d]
Ҷоизаҳо
Order of the Golden Spur
 Парвандаҳо дар Викианбор

Ҷиорҷио Вазари (Vazari) (30.7.1512, Арессо, Итолиё – 27.61574, Валенсия, Итолиё) — мусаввир, меъмор, нависанда ва муваррихи итолиёӣ, аз пешоҳангони манеризм.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар наврасӣ дар назди Гилом де Марсил – наққоши витражҳои (нигар Витраж) калисои Арессо ба рассомӣ ошно шуд. Баъдан (1524) дар Флоренсия наққоширо назди Андрея дел Сарто, Микеланҷело ва Баччо Бандели омӯхта, ҳамчун наққоши пайрави сабки Микеланҷело ба камол расид. Соли 1562 дар Флоренсия Академияи рассомиро бунёд кард. Наққошиҳои В. маъмулан сарду беранг ва яъсомезанд, ҳарчанд ки ӯ рассоми хуб буд. «Дафни Масеҳ» (1532) нахустин мусаввараи ӯст, ки то замони мо маҳфуз мондааст. В., дар ҳоле ки аз ёрии чандин рассоми ҷавон баҳра мебурд, хеле зудкор буд. Комёбиҳои В. дар меъморӣ устувор набуданд; ӯ дар ороишу пардоз истеъдод дошт, аммо дар меъмориҳои муҳташам ба нокомиҳо дучор шуд. Чандин бинои сохтааш номуваффақ буданд. Аммо биноҳо барои папа Юлийи III дар Рум ва Уффитса дар Флоренсия, ки сохтмони онҳоро шурӯъ карда буд, аз истеъдоди меъмории ӯ шаҳодат медиҳанд. Муҳимтарин асари меъмории ӯ кохи Уффитсаи Флоренсия аст, ки ҳоло осорхонаи ҳунарӣ мебошад. Деворнигораҳои кохи Палассо Векко дар Флоренсия ва наққошиҳои хонааш дар Арессо (1547; ҳоло осорхонаи ӯст) низ таваҷҷуҳбарангезанд. Ҳамчунин кохҳо ва калисоҳоро дар Гиза ва Арессо тарроҳӣ кардааст. В. асосан бо асараш «Зиндагиномаи маъруфтарин наққошон, муҷассамасозон ва меъморон» (1550–1568) машҳур шуд. Ин китоб манбаи иттилоотии арзишманде аз ҳунармандони давраи Эҳёи Итолиё (асрҳои 13–16) мебошад. В. бори нахуст калимаи «rinascita» («эҳё»)-ро аз ҷиҳати забоншиносӣ исбот кард, ки он минбаъд дар таърихи ҷаҳон номи давраи нав (Эҳё) гардид.

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Энциклопедический словарь Брокгауза и Ефрона. Т. 6, С.-Петербург, 1891;
  • Новая российская энциклопедия. Т. III (2). М., 2007;
  • دائرة المعارف هنر. چاپ ۱۱. تهران،.١٣۹٠ هـ. ش. دانشنامۀ دانشگستر. جلد ۱۷. تهران، ۱۳۸۹ هـ. ش؛ دائرة المعارف فارسی. جلد ۲. تهران، ۱۳۸۷ هـ. ش

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]