Чилчашма
Зоҳир
(Тағйири масир аз Ҷойникудӣ)
Чилчашма (номи пештара Ҷойникудӣ) — деҳа дар ҷамоати деҳоти Бӯстони (номи пештарааш Қарабулоқ) ноҳияи Файзобод. Ба шарафи 10-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми апрели соли 2001 Чилчашма номгузорӣ шудааст. Аз деҳа то маркази ноҳияи 17 км. Аҳолиаш 3202 нафар (2010), тоҷикон. Дар деҳа мувссисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, китобхона, мағозаҳои хусусӣ, дӯкону растаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, 212 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ, хоҷагии коллективии «Истиклол» фаъолият доранд. Мардуми деҳа ба ғаллакорӣ, боғу токдорӣ машғуланд. Заминҳо аз канали «50-солагии Тоҷикистон» ва оби чашмаҳо обёрӣ мешаванд.[1]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ ФАЙЗОБОД. Энсиклопедия. Душанбе, 2011. Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. 392 саҳ.